Вохӯрии сафири тоҷик бо вазири Украина

Дар пойтахти Украина, шаҳри Киев вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет баргузор гардид. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он баррасӣ гардиданд.
Инчунин зимни мулоқот иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия соли равон дар шаҳри Душанбе муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имконияти он кишвар дар самти маориф муҳим арзёбӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *