Вой аз ин мусулмонӣ!
Тоҷикистон кишварест, ки 99 фисади аҳолии он мусулмонанд, вале чун ба рафтору кирдори мардум менигарем, фарсахҳо аз фарҳанги исломӣ дуранд.
Агар гӯям, ки мо арзишҳои дини мубини исломро, ки дар зоти худ дини маърифату ахлоқ буда, ҷанбаҳои адолату башардӯстӣ, маърифатпарварию накӯкорӣ дорад, поймол мекунем, хато намекунам. Зеро ахлоқу рафтору гуфтори мо дар аксари ҳолатҳо зидди фармудаҳои шариати ислом аст, яъне мо фаҳмиши оддии динӣ надорем, ҳарчанд даст ба сина зада, худро мусулмон мегӯем…
Дирӯзу имрӯз
Чун ба ҷомеаи имрӯз назар меафканем, давлатҳои мусулмонии зиёде ҳастанд, ки наметавонад чун давлатҳои Аврупо рушд кунанд. Зеро дар 1400 соли гузашта муллоёну олимон ва тафсиргароне баромаданд, ки ин дини воҳидро ба гунаҳои мухталиф тафсир карданд ва имрӯз мо дар дохили ислом даҳҳо мазҳабҳоро мушоҳида мекунем. Яке аз таълимоти асосии «Қуръон»-и маҷид ин ба омӯзиш даъват кардани бандаҳои Худост. “Хонед, хонед, боз хонед” на ҳикмати Ленин, балки фармудаи ин китоби муқаддас аст. Мусулмонони аввалин тибқи ин таълимот амал карда, осори олимони Юнони қадим ва донишмандони қабл аз исломро омӯхтаю тарҷума намуда, барои дигарон пешниҳод мекарданд. Уламои мусулмон бо ин пажуҳишҳои хеш дар бой гардонидани ганҷури дониши умумибашарӣ саҳми босазо гузоштаанд. Аз миёни мусулмонони давраҳои пешин риёзидонҳо, табибон, ситорашиносони бузург ба арсаи дунё падид омадаанд, ки дар тамоми риштаҳои илм комёбиҳои бузургеро ноил гаштаанд. Дар асрҳои миёна сокинони Аврупо хурофотиву ақибмонда буданду мусулмонон бошанд, бо фарҳангу тамаддуни бузурги мусулмонии хеш бунёд гузоштанд ва қодир буданд уммати хешро аз шарри берунаҳо эмин нигаҳ доранд. Имрӯз чӣ?!
Мусулмонии аксарияти мо имрӯз дар зоҳир аст…
Аксарияти савдогарони мо Хонаи Худоро зиёрат кардаву ҳоҷиянд, масҷид мераванд, риш мемонанд, мардумро насиҳат мекунанд, пеши чашмаки камераҳо садақа мекунанд. Аммо дар моҳи мубораки Рамазон ва арафаи идҳои мусулмонӣ нархи маводи ниёзи аввалро баланд мебардоранд. Борҳо шунидаам, ки ин ё он маҳсулотро ба хотири дар моҳи Рамазон ё арафи идҳо қиммат фурӯхтан дар анборҳо нигаҳ медоранд, то нархи он ба таври сунъӣ боло бардошта шавад. Бузургтарин гуноҳ аз тарозу задан аст, ки ин амал байни фурӯшандагони мо ба ҳукми анъана даромадааст. Дурӯғ гуфтану қасам хӯрдан, таҷовуз, қатлу ғорат, ношукрӣ ба неъматҳои додаи Худованд ва даҳҳо амалҳои ношоистаи дигарро номбар намудан мумкин аст, ки имрӯзҳо фазои ҷомеаи моро чиркин кардаанд. Вой бар ин мусулмонӣ…
Саводи динӣ надорем!
Байни мардум ақидаи хатое ҳаст, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳуқуқи диндорон маҳдуд карда мешавад. Онҳое, ки чунин даъвои бебунёд мекунанд, ҳақиқатро нодида мегиранд. Дар даврони Истиқлол дар кишвар Маркази исломшиносӣ дар назди Президент, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, даҳҳо мадрасаву масҷидҳо бунёд шудаанд. Яке аз иқдомҳои хеле бузурги Сарвари кишвар тарҷума ва нашри «Қуръон»-и азимушшаън ва ба мардум пешниҳод намудани он аст. Мутаассифона, фаҳмиши динии мо хеле суст аст, зеро мардуми мо аз рӯи одат ба гуфтаи нимчамуллое имон меоваранд, ҳарчанд бархилофи фармудаҳои ин китоби осмонӣ ҳам бошад. Мутаассифона, аксарияти диндорони мо ҳама ҳадису оёти раҳмониро танҳо ба манфиати хеш ҳал мекунанду ба дарди ҷомеа коре надоранд. Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз дар кишвар воқеаҳои мудҳише рӯй медиҳанд, ки хилофи мусулмонист, аммо руҳониёни мо хомӯшанд. Чаро ягон нафари онҳо ба он навоҳие, ки он ҷо худкушӣ зиёд аст, рафтаву бо мардум суҳбатҳо намегузаронанду чӣ қадар гуноҳи азим будани ин амалро намефаҳмонанд? Ё дар масоили хушунати хонаводагӣ, ки дар аксари ҷиноят ва сӯиқасд ба хеш низ аз он манша мегирад. Чанд соли ахир ба ҷони хешу тифлакони ноболиғашон қасд кардани занон дар Тоҷикистон ба як «эпидемия» табдил ёфта бошад ҳам, касе аз ин парвое надорад. Агар чунин занони гумроҳ медонистанд, ки худкушу одамкушро дар он дунё чӣ интизор аст, ҳаргиз ба ин роҳ намерафтанд. Ақаллан касе ба онҳо мегуфт, ки «Қуръон» мефармояд, ки мо сабур бошем ва такя ба ақлу хирад кунем. Ё ин ки дини ислом мефармояд, ки сабр муқаддамтарин фазилати инсон аст. Шояд пас аз ин фоҷиаҳои маълум рӯй намедоданд?
Тарбияи исломӣ зарур аст!
Тарбия равандест, ки ба воситаи он донишҳо, урфу одати наҷиби ниёгон, арзишҳо ва муносибатҳои лозима барои нигаҳдории суботи ҷомеа аз насл ба насл интиқол меёбад. Ин мерос аз донишу малака, огоҳӣ аз таърих, садоқату вафодорӣ ба ватану миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва динӣ, дарки волоияти қонун, иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа иборат мебошад. Барои пур намудани халои маънавӣ дар ҷомеа, ки инсониятро ба вартаи ҳалокат мебарад, тарбияи исломӣ хеле ва хеле зарур аст. Пас масъулини моро лозим аст, ки бо ширкати руҳониёни саршиноси кишвар маҳфилҳо гузаронида, онро ба мардум тариқи телевизион нишон диҳанд. Шахсан ман мехоҳам дар қатори маҳфилҳои шеъру суруд, ки хеле зиёд баргузор мешаванду чуноне мебинем, ҳеҷ самаре надоранд… ва фалсафафурӯшии ду-се файласуфи ҷавон, ки соатҳо шабакаҳои телевизиониро банд карда, худашон намедонанд чӣ мегӯянд, маҳфилҳои Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ва Ҳоҷӣ Мирзо низ баргузор гарданд. Бигузор мардум, хоса ҷавонон аз шаҳди суҳбати ин ду руҳонии саршиноси кишвар, ки иборат аз панду андарзи бузургони илму адаб ва авлиёю анбиё ҳаст, баҳравар гарданд.
Ман боварӣ дорам, ки агар ин таклиф аз тарафи масъулин дастгирӣ ёбад, ба фоидаи кор хоҳад буд.
Лолаи САИДАКБАР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ