Вокуниш ба муроҷиати танқидии сокини Хуҷанд: Мушкилӣ бартараф гардид! (аудио)

Масъулин ба маводи танқидии сокини шаҳри Хуҷанд Даврон Урунов дар хусуси банд шудани роҳи қубури об ва ҷорӣ шудани селоба дар роҳи микроноҳияи 18-уми шаҳр таваҷҷуҳ кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, баъди интишори маводи мазкур бо супориши Фирдавс Шарифзода аз ҷониби масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр чораҳои фаврӣ андешида шудааст.

— Маълум гардид, ки дамгаҳи қубури роҳгузари канори роҳи микроноҳияи 18-ум бо партовҳои гуногун пур гардида, барои ворид шудани об монеа эҷод шудааст. Аз ин лиҳоз, бинобар боридани борони шадид селобаи ҷўйбор самти ҳаракати хешро дигар намуда, ба роҳи хиёбони Рифъат Ҳоҷиев баромадааст. Мушкилӣ бартараф ва қубури ҷўйбор ба ҳолати корӣ дароварда шуд,- меафзояд манбаъ.

Зимнан, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки партовҳоро дар ҷойи муайяншуда партоянд, на дар ҷўйбору истгоҳҳо, ки боиси рух додани чунин мушкилот мегардад.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *