Вокуниш: Ронанда аз кирдораш сахт пушаймон шудааст
Ба амалкарди ронандаи боркашони тамғаи “Камаз” 5511, ки ҳангоми риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боиси зарар ба ҷамъият гардидааст, вокуниш дода шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар асоси муроҷиат ва матлаби шаҳрванд Акбар Олимзода тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” оид ба амалкарди ронандаи боркашони тамғаи “Камаз”, ки ҳангоми риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боиси зарар ба ҷамъият гардидааст, бо супориши сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода фавран аз ҷониби кормандони ШБДА дар шаҳри Хуҷанд шахсияти ронанда муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
— Тавре шаҳрванд Акбар Олимзода санаи 22.08.2023 навишта буд, ронандаи нақлиёти “Камаз” 5511, ки ҳатто дар қафои нақлиёташ рақами давлатӣ надошт, ҳангоми ҳаракат аз микроноҳияи 32-юм то маҳаллаи “Чашмаи Арзана”-и шаҳри Хуҷанд, бо сабаби риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ масолеҳи сохтмонӣ ба роҳ рехта, боиси чиркин ва осебрасии роҳи автомобилгард гардидааст,- меафзояд манбаъ.
Аз тарафи кормандони ШБДА-и шаҳри Хуҷанд муайян карда шудааст, ки ронандаи нақлиёти тамғаи “Камаз” 5511 рақами давлатиаш TJ 5366 КО 02 Мирсаидов Нуъмон, сокини ҷамоати Ёва, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин амал даст задааст.
Нақлиёти “Камаз”-и Нуъмон Мирсаидов ба майдончаи ҷаримавӣ дастрас ва нисбати мавсуф тибқи табалоти моддаҳои 312 ва 333, қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ронанда аз ин кирдораш сахт пушаймон шуда ва қавл додааст, ки минбаъд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард қоидаҳои боркашониро риоя намуда, ба ҷамъият зарар намерасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ