Вокуниш: “Вавилон-мобайл” муштариёнро саргардон намекунад
Нахуст ба шумо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки дар шумораи ҳафтаномаи Тоҷикистон таҳти №39 (1498) аз 28.09.2022 ва дар сомонаи pressa.tj аз 03.10.2022 маводе таҳти унвони “Операторони бесалоҳият. Онҳо муштариёнро сарсону саргардон мекунанд” чоп шуд.
Муаллифи матлаб Ғафури Искодарӣ шикоят аз он мекунад, ки рӯзи 17-уми сентябри соли равон дар терминали рақами 331807, ки дар саҳни Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон воқеъ аст, иштибоҳан ба телефони рақами 988 93 00 01 сӣ сомонӣ пул гузаронидааст. Пас аз пардохти маблағ мавсуф дармеёбад, ки рақами телефон иштибоҳ шудааст.
Баъд аз чопи мавод намояндаи ширкат ба редаксияи pressa.tj занг зада, рақами телефони муалифро гирифт ва бо ӯ суҳбат намуд.
Аз суҳбат бо муаллиф бармеояд, ки ӯ 19-уми сентябр ба рақамҳои дастгирии техникии низоми пардохтии “Пайванд” 988886161 занг зада, оид ба иштибоҳи худ хабар додааст ва оператор тартиби муроҷиат дар ҳолати иштибоҳан хато чидани рақамро фаҳмонидааст. Аз рӯи қоидаи муқарраршуда дар ҳолати иштибоҳан гузаронидани маблағ ба рақами дигар, танҳо дар вақти дар 3 рақам ба иштибоҳ роҳ додан ва танҳо ба ҳамон операторе, ки мехоҳед маблағро гузаронед, аризаи дархостӣ қабул карда мешавад ва мушкилӣ дар муддати 3 рӯз ҳалли худро меёбад. Дар ҳолати мазкур муштарӣ на 3 рақам, балки дар 7 рақам ба иштибоҳ роҳ додааст ва дар баробари ин тамоман ба оператори дигар маблағ гузаронидааст, ки ин хилофи танзими маблағгузаронӣ дар ҳолати хато гузаронидан мебошад.
Тафтишоти зангҳо нишон доданд, ки муаллиф ба маркази иттилоотии “Вавилон-мобайл” низ занг задааст ва амалгар мувофиқи дастурамал ба ӯ посух гуфтааст.
Аз ин бармеояд, ки худи пардохткунанда (муштарӣ) дар лаҳзаи рақамчинӣ ба иштибоҳ роҳ додааст.
Бояд қайд кард, ки тибқи шартҳои Шартнома “Оид ба қабули пардохтҳо”, ки байни ҶСП “Вавилон-Мобайл” ва ҶДММ ТКХ “Пайванд” ба имзо расидааст, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, яъне “Пайванд” бояд маблағи аз ҷониби пардохткунанда пардохтгардидаро таҳлил намуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷудбуда чораҳои дахлдорро андешад. Зеро, тибқи уҳдадориҳои шартномавӣ ҶСП “Вавилон-Мобайл” оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта уҳдадор нест.
Барои ҳамдигарфаҳмӣ сипосгузорем ва умедворем, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо дар оянда вусъат хоҳанд ёфт.
У. Б. АСОЕВ, директори ҶСП “Вавилон-Мобайл”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ