Вокуниши Ҳаётой Муминова ба вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Ҳаётой Муминова, овозхони маъруфи тоҷик ба пешниҳоди як вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки хостори танзими нархгузории сарояндаҳо дар тӯйю маъракаҳо шуд, вокуниш кардааст.

Вакили парлумон Ҷаббор Ахмедов чоршанбеи 23 август дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфт, бархе сарояндаҳо барои иштирок дар тӯй аз 500 то 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд, ки хеле гарон аст. Ӯ дар идома пешниҳод кард, нархи иштироки овозхонҳо дар тӯйҳо танзим карда шавад.

Ҳаётой Муминова зери ин хабар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, аз чунин вакил шармаш омад. Ин хонандаи саршиноси тоҷик хитоб ба Ахмедов гуфтааст: “сарояндаҳоро не худи Шуморо танзим кардан даркор, муҳтарам вакил!”.

Идомаи вокуниши Муминова: Муҳтарам, вакил. Оё Шумо медонед, ки сарояндаи касбӣ 400, ҳунармандони мардумӣ 700 сомонӣ маош мегиранд!!! Ӯ ҳам мисли дигарон рӯзгор дорад, фарзанд дорад, пули барқу тамоми хизматҳои коммуналиро пардохт мекунад!!! 1 сароянда 10 каси дигарро нон медиҳаду боз пули андоз супорида, ба буҷаи давлат фоида меорад!!! Аз рӯи 2-3 сарояндаи гаронарзиш дуруст аст ки ҳамаи сарояндаҳоро ба як киштӣ бор кунед? Шумо, ки тӯй кардед, умуман сароянда набиёред!!!”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *