Вокуниши фаврӣ ба муроҷиати шаҳрванд: Танӯрфурӯш ҷарима шуд! (аудио)
Як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо нашри як адад расм аз мақомоти милитсия хоҳиш намуда буд, ки нисбати масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дӯкони фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Чуноне дар расми нашрнамудаи шаҳрванд дида мешавад, мизоҷони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт аз хунукназарии масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт истифода бурда, автомашинаҳои худро дар байни роҳи пиёдагард гузоштаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Холматов Муҳаммадӣ Орифҷонович, санаи таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, масъули (администратор) нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт буда, зимни пешбурди фаъолияти корӣ ба хунукназарӣ роҳ додааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати назорабарии ҳамаҷонибаи мизоҷони худ ва минбаъд роҳ надодан ба чунин хунукназарӣ ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.
Ҳамзамон, муайян гардидааст, ки фурӯшандаи мағозаи маҳсулоти ниёзи мардум, шаҳрванд Раҷабов Ҷамшед Носирович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, танӯрҳои худро дар ду канори роҳи пиёдагард гузошта, дар баробари коста гардонидани ҳусни атроф, ҳамзамон бо ин амали худ ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид сохтааст. Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 640-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ