Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба куштори духтари 8 -сола

Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси шаҳри Душанбе ба ҳодисаи куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова фавран вокуниш кард.

Рустами Эмомалӣ аз ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятова сахт изҳори нигарон кард, хабар доданд аз дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ.

«Ҳодисаи куштори ноболиғ Иноятова Руфейда, ки санаи чоруми июл дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, боиси нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ гардид», — омадааст дар иттилоияи манбаъ ва ҳамчунин таъкид мешавад, ки раванди тафиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъии Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» ба унвони Рустами Эмомалӣ, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *