Вокуниши вазорати меҳнат оид ба як маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маълумот оид ба кумакпулӣ ба кормандони аз соли 1990 то 2024 кор кардаро беасос донист.

Ин ниҳод расман изҳор медорад, ки маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар бораи кумакпулии Вазорати меҳнат ба нафароне, ки дар солҳои 1990 то 2024 кор кардаанд, ки чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст, асоси воқеӣ надорад.

Дар он гуфта мешавад, ки ин ниҳод як рӯйхат тартиб додааст ва агар номи шумо дар он бошад, имкони дарёфти кумак ба миқдори 2500 сомониро пайдо мекунед.

Дар муроҷиати худ, вазорат аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба чунин паёмҳои бардурӯғ бовар накунанд ва танҳо аз манбаъҳои расмӣ маълумот гиранд.

«Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғл (номи дуруст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, бовар накунед. Эълони мазкур асоси воқеӣ надорад. Хабарҳои расмии вазоратро дар «https://www.facebook.com/mlmert/»  ва сомонаи вазорат «www.mehnat.tj» метавонед пайгирӣ намоед»- омадааст иттилои расмии вазорат.

Вазорат зарурати ҳушёриро барои пешгирӣ аз нофаҳмиҳо ва қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хотиррасон мекунад ва даъват мекунад, ки танҳо ба манбаъҳои боэътимоди иттилоот муроҷиат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *