Волидайнеро, ки фарзандашонро эм намекунанд 68 доллар ҷарима таҳдид мекунад.
Дар Қазоқистон ба волидайне, ки аз эм кардани фарзандонашон сарпечӣ мекунанд, ҳудуди 68 доллар ҷарима таҳдид мекунад. Вазорати умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон пешниҳод дорад, ки ин чиз ба лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолиятҳои динӣ» илова карда шавад.
Масъулини вазорат мегӯянд, сарпечии шаҳрвандон аз эм кардани фарзандони худ дар асоси дидгоҳҳои динии ғайрисуннатӣ дар ҳоли ҳозир, яке аз мушкилиҳои ҷиддии Қазоқистон ба шумор меравад.
Танҳо дар соли 2016 беш аз 9,5 ҳазор падару модар аз эм кардани фарзандонашон худдорӣ кардаанд. Ними онҳо бо ангезаҳои динӣ сарпечӣ намудаанд.
Ворид кардани як қатор иловаҳои дигар низ ба лоиҳаи нави қонуни Қазоқистон «Дар бораи фаъолиятҳои динӣ» дар назар аст. Аз ҷумла, 680 доллар ҷарима кардани раҳбарияти иттиҳодияҳои диние, ки ноболиғонро бе розигии хатии падару модарон ба фаъолиятҳои худ ҷалб мекунанд.
Ҳамчунин таҳсили динӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ танҳо баъди гирифтани маълумоти динӣ дар худи Қазоқистон ва танҳо дар донишгоҳҳои мушаххас иҷозат дода шуда, пайравӣ аз симои зоҳирии ҷараёнҳое, ки идеологияҳои харобиовар доранд, манъ карда шавад.
«Инҷо манзур танҳо сару либос нест. Барои намуна, кулоҳи Ку-клукс-кланҳо низ дар назар аст. Мо нишонаҳоеро баррасӣ дорем, ки харобиоваранд. Пӯшидани ҳиҷоб ҳатто муҳокима намешавад, зеро он рӯйро намепӯшонад ва зидди он низ касе набаромадааст. Набояд ҳиҷобро бо фаранҷӣ ва чодар омехта кард», — гуфт вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Нурлан Ермекбаев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ