VoLTE: садои комилан тоза дар смартфон
Ба ғайр аз обу ҳаво боз чӣ комилан тоза буда метавонад? Садо тавассути технологии VoLTE! Ба сафи истифодабарандагони фаъолтарини он — муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат ва Рӯдакӣ шомиланд. Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ VoLTE-ро дар соли 2020 роҳандозӣ намуд. Биёед бубинем, ки ин чист ва технология ба соҳибони смартфонҳо чӣ гуна афзалиятҳо пешниҳод мекунад?
Садо дар шабакаи LTE
Long-Term Evolution ё 4G/LTE — стандарти муосири таҳвили маълумот дар шабакаҳои мобилӣ мебошад. Интернети 4G нисбат ба пайвасти 3G чанд маротиба босуръаттар буда, ҳатто аз дастрасии собит низ болотар аст. Муқоиса кунед: суръати боргирӣ дар шабакаҳои LTE метавонад ба 300 Мбит/сония, ирсоли маълумот — 170 Мбит/сония баробар бошад. Вале, нишондиҳандаи миёна барои Интернети ноқилӣ тахминан 100 Мбит/с аст. Маҳз бо ёрии 4G муштариён метавонанд бидуни таъхир видеои HD-ро тамошо кунанд, файлҳои калонро боргирӣ ва ҷойгир намоянд.
Муддатҳои зиёд LTE маҳдудияти назаррас дошт, яъне стандарт барои таҳвили маълумот, на овозҳо, пешбинӣ шуда буд. Дар баробари ҷавоб додан ба занг, соҳиби смартфон ба таври автоматӣ аз шабакаи насли чорум ба 2G/3G мегузашт. Аз ин сабаб, таъхири пайвастшавӣ ба амал омада, суръати интернет коҳиш меёфт. Ҳалли мушкилот дар технологияи VoLTE (аз инглисӣ. Voice over LTE — “овоз дар шабакаи LTE”) зоҳир гардид. VoLTE овозу садоро ба ҷараёни маълумот табдил медиҳад, ки аз ҳисоби он, бидуни тарки шабакаи насли чорум, суҳбат кардан мумкин аст.
Афзалиятҳои VoLTE
Феълан ду афзалияти асосӣ мавҷуд аст. Якум — таҳвили босифати садо. Агар ҳангоми телефонияи муқаррарӣ садо бо басомади то 3400 Гц таҳвил дода шавад, пас ҳангоми занг задан тавассути VoLTE, диапазон то 7000 Гц ва зиёдтар аз он васеъ мешавад. Сухани шахс бе халалу нуқсонҳо шунида мешавад.
Афзалияти дуввум — қобилияти якбора занг задан ва истифодаи интернет бо суръати 4G мебошад. Ҳангоми суҳбат бояд ба Instagram дароед, филм боргирӣ кунед ё дар маҳал бо истифода аз навигатор роҳ пайдо кунед? Мушкилие нест!
VoLTE чи тавр пайваст карда мешавад
Шарти асосӣ ин аст, ки телефон ва SIM корт бояд технологияи VoLTE-ро дастрас намоянд ва дар минтақаи фарогирии шабакаи 4G бошанд. Аксар вақт пайвастшавӣ ба таври автоматӣ сурат мегирад ва дар кунҷи рости болои экран нишонаи дахлдори «VoLTE» пайдо мешавад. Агар ин бо ягон сабаб анҷом наёбад, муштарӣ бояд дастрас будани технологияро дар дастгоҳи худ бисанҷад. Барои гирифтани маълумот муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» танҳо бояд USSD-дархости *0455#-ро рақамчинӣ намоянд. Технология дастрас аст? Ҳамин тавр, шумо метавонед онро дастӣ фаъол кунед!
Дар дастгоҳҳои Apple, шумо бояд аз қисмҳои «Танзимот» — «Алоқаи кандуӣ» — «Параметрҳои маълумот» — «Овоз ва маълумот / LTE» — «VoLTE» гузаред. Нишонаро фаъол созед.
Дар смартфонҳои Xiaomi (Redmi) самт чунин аст: «Танзимот» — «Симкортҳо ва шабакаҳои мобилӣ» — «Танзимоти SIM-кортҳо» ё «Симкорти Шумо» — «VoLTE». Агар нишона мавҷуд набошад, USSD дархости *#*#86583#*#* -ро барои фаъолкунии технологияи VoLTE рақамчинӣ кардан зарур аст.
Дар дастгоҳҳои Samsung, тарзи пайвасткунӣ чунин аст: «Танзимот» — «Пайвастшавӣ» — «Шабакаҳои мобилӣ» – фаъол кардани нишона дар сатри «Зангҳои VoLTE».
Агар амалҳои танзимкуниро мустақилона иҷро карда натавонед, пас ба мушовирони наздиктарин толори алоқаи МегаФон Тоҷикистон муроҷиат намоед ё дастурамалро аз сомонаи оператор боргирӣ намоед. Аз технологияи «садои комилан тоза» ҳаловат баред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ