Вориди тарофаҳои нави “МегаФон Тоҷикистон” шав
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариёни худ силсилаи нави тарофаҳои “Биё!” («Включайся!»)-ро пешниҳод намуд. Ҳар яке аз ин тарофаҳо вобаста ба мароқу хоҳишҳои истифодабарандагони замонавии хизматрасониҳои рақамӣ омода кардашуда, номи ҳар як тарофа интихоби бастаи қулайтаринро осон гардонидааст.
“Чанде пеш дар ширкати мо слогани нав пайдо шуд, ки он чунин аст – “МегаФон аз ту оғоз меёбад”. Ин ифодаро метавон ба хизматрасониҳои мо низ вобаста намуд. Маҳз аз муштариён ва мароқу хоҳишҳои онҳо тарофаҳои нави “Биё”“оғоз”гирифтанд. Аз байни онҳо дӯстдорони мукотибаҳо ё гӯшкардани мусиқӣ, онҳое, ки доимо дар интерне твидео тамошо мекунанд ё дар Шабака қадамҳои нахустини худро мегузоранд, варианти барои худ муносибро пайдо карда метавонанд. Кашфи олами беканори имкониятҳои рақамӣ боз ҳам осонтаршуд”, — мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФонТоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Биё!(«Включайся!») – тарофаҳои насли нав буда, аллакай на бо миқдори дақиқаҳо, SMS ё трафики интернет, балки бо хизматрасониҳои дар асоси майлу хоҳишҳо пешбинишуда фарқ мекунанд. Ҳамин тариқ, барои дӯстдорони мукотибадорӣ бо муштариёни дигар тарофае омода шудааст, ки маҳз чунин номгузорӣ шудааст – “Биё! Бинавис” («Включайся! Пиши»). Дастрасиро ба мессенҷерҳои маъруфи Viber ва WhatsApp муштариёни ин тарофа ройгон ба даст меоранд, вале ин имконият танҳо барои мукотибаҳо пешбинӣ шудааст. Шумо метавонед бе маҳдудият паёмакҳои матнӣ навишта эҳсосоти худро бо ёрии стикерҳо ба дигарон расонед, вале ҳангоми анҷомдиҳии аудио ва видео-зангҳо трафики умумӣ сарф карда мешавад. Ба ғайр аз ин, ба баста 100 дақиқа барои анҷомдиҳии зангҳо ба рақамҳои операторони Тоҷикистон миқдори бемаҳдуди SMS дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва 1 Гб трафики интернет, ки онро метавон бо истифодаи дилхоҳ манбаъҳои шабакаи ҷаҳонӣ сарф намуд. Арзиши тарофа бо назардошти андозҳо – 39 сомонӣ дар як моҳ.
Бастаи“Биё! Гап зан” («Включайся! Говори»)барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки аз навиштани паёмакҳо дида бештар гуфтугӯи зиндаи телефониро маъқул медонанд. Барои ҳамин бо ҳамон миқдори трафики интернет (1 Гб) ва дастрасии бемаҳдуд ба мессенҷерҳои Viber ва WhatsApp тарофа ҳаҷми ба маротиб бештари даъватҳои овозӣ – 450 дақиқаро дар бар мегирад.
“Дӯстдорони мобилии мусиқӣ” бошанд, бастаи “Биё! Гӯш кун”-ро («Включайся! Слушай»)афзалтармедонанд. Ҳаҷми трафики интернет дар ин баста зиёдтар аст (2 Гб), ба ғайр аз ин, дастрасии бемаҳдуд ба чунин манбаъҳои мусиқӣ, ба монанди “ВКонтакте. Музыка”, шабакаҳои радиоии: zaycev.fm, afm.tj ва love-radio.tjва 200 дақиқа барои анҷомдиҳии зангҳо дар дохили кишвар пешниҳод карда шудаанд. Арзиши тарофа – 69 сомонӣ дар як моҳ. Вале ин ҳам ҳоло анҷоми кор нест. Минбаъд рӯйхати манбаъҳои мусиқӣ дар доираи бастаи мазкур бо порталҳои боз ҳам ҷолибтар пурра гардонида мешавад. Қобили зикр аст, ки мусиқиро дар порталҳо ба таври ройгон метавон танҳо гӯш кард. Ҳангоми беруноварии мусиқӣ аз интернет трафики умумӣ сарф карда мешавад.
Тарофаи “Биё! Муошират намо” («Включайся! Общайся»)тавре аз номаш маълум аст, ба муштариёне мувофиқ меояд, ки бо ҳама воситаҳои дастрас муошират карданро дӯст медоранд. Ба баста 500 дақиқа барои зангҳо дар ҶТ, 3 Гб интернет ва дастрасии ройгон ба чандин мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, Facebook messenger, IMO, Facebook, «Одноклассники», «ВКонтакте», Twitter ва Instagram дохил карда шудаандАрзиш – 99 сомонӣ.
Тамошои видео тариқи дастгоҳҳои мобилӣҳаҷми бештари трафикро талаб менамояд, барои ҳамин дар доираитарофаи“Биё! Тамошо кун!” («Включайся! Смотри»)5 Гб барои дилхоҳ манбаъҳои интернетӣ ва боз 10 Гб – махсусан барои порталҳои tajcinema.tj, topvideo.tj, mix.tj ва alfa.tj пешниҳод гардидаанд. Инчунин барои зангҳо дар ҶТ 400 дақиқа ва имконияти бемаҳдуди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо чун дар тарофаи “Биё! Муошират намо” пешбинӣ карда шудаанд. Пардохти ҳармоҳаи абонентӣ – 149 сомонӣ.
Ба истифодабарандагони фаъолтарини хизматрасониҳои мобилӣ “МегаФон Тоҷикистон”тарофаи “Биё! Бемаҳдуд бош”-ро («Включайся! Без границ»)пешниҳоднамуд. Он 1500 дақиқаро барои зангҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 Гб трафики интернет, дастрасии бемаҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо, манбаъҳои мусиқӣ ва миқдори бемаҳдуди SMS дохил гардидаанд. Арзиши ин бастаи мукофотӣ – 299 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Дар силсилаи тарофаҳо ҳамчунин барои онҳое вариант муқаррар шудааст, ки ҳоло вобаста ба интернет майлу хоҳиши муайян надоранд ё танҳо акнун тариқи смартфон вориди Шабака мешаванд. Ин тарофа“Биё! Кашф намо” («Включайся! Открывай»)ном дорад. Ба пардохти абонентии баробар ба 19 сомонӣ 100 дақиқа барои зангҳо ва 300 Мб трафики интернет дохил карда шудаанд. Бо кашфи имкониятҳои муосири рақамӣ муштарӣ имкон пайдо мекунад, ки бе душворӣ мувофиқи майлу завқи худ ба тарофаи дигар гузарад.
Дилхоҳ тарофаро аз силсилаи «Включайся!» (Биё!)метавон мустақилона тариқи ирсоли USSD-дархост аз телефони худ пайваст намуд.
Тарофаҳои силсилаи «Включайся!» («БИЁ!») | USSDдархост барои пайвасткунӣ |
«Биё! Кашф намо» («Включайся! Открывай») | *500*1# |
«Биё! Бинавис» («Включайся! Пиши») | *500*2# |
«Биё! Гапзан» («Включайся! Говори») | *500*3# |
«Биё! Гӯш кун» («Включайся! Слушай») | *500*4# |
«Биё! Муошират намо» («Включайся! Общайся») | *500*5# |
«Биё! Тамошо кун» («Включайся! Смотри») | *500*6# |
«Биё! Бемахдуд бош» («Включайся! Без границ») | *500*7# |
Барои маълумоти иловагӣ:
Суруш Раҳмонӣ
Менеҷер оид ба лоиҳаҳои калон ва ҳамкории байниминтақавӣ
(Департамент оид ба робита бо ҷомеа)
———————————————
ҶСП «TT мобайл», Тоҷикистон
ш. Душанбе, к. Ҳувайдуллоев 73/2
моб. (+992) 90 1000 322
Surush.Rakhmoni@megafon.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ