Воридоти гӯшт аз Чин ба Қирғизистон манъ карда шуд
Қирғизистон ба таври муваққат воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро аз Чин манъ кард. Дар ин бора мақомоти байторӣ ва амнияти фитосанитарии он кишвар иттилоъ доданд.
Мақомоти байтории Қирғизистон ҳамчунин хабар медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2019 аз вилояти Хенони Чин 48 тона гӯшти мурғобӣ ворид ва дар маркази ташхиси байторӣ санҷида шуд.
Вилояти Хенон дар фосилаи 500 километр аз вилояти Хубэй — маркази авҷгирии вируси нав — ҷойгир аст, вале дар ҳар сурат мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки воридоти маҳсулоти гӯштиро аз Чин муваққатан қатъ кунанд.
Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То кунун аз таъсири ин вирус 25 кас ҷон бохта, ҷамъан 830 кас ба он мубтало шудаанд.
Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ