Воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 50 фоиз афзоиш ёфтааст

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба миқдори 71,8 миллион метри кубӣ гази табиӣ  бо арзиши 9 миллион доллар ворид кардааст.

Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пас 6 соли танаффус дар моҳи апрели соли гузашта оғоз шуда ва дар соли 2018 дар маҷмӯъ 54 миллион метри кубӣ газ ворид гардидааст.

Дар ин замина дар гузориши расмии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон маълумот дарҷ гардидааст.

Бахши аслӣ ё 80 дарсади гази воридотӣ аз Ӯзбекистонро Корхонаи алюминийи Тоҷик истифода мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *