Воридоти маҳсулоти пастсифат пешгирӣ шуд

Мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” воридоти 24 ҳазору 549 кило чойи хушки пастсифати сиёҳро пешгирӣ карданд. Ин миқдор чой, тибқи низоми “Реэкспорт”, аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд. Тавре Мурод Шукуров, сухангӯи ин ниҳод ба Pressa.tj иттилоъ дод, ин миқдори зиёди чойи сиёҳро Ширкати “Мирзо Анвар”, воқеъ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён ворид намуд.

Манбаъ таъкид дошт, ки дар раванди гузарондани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур муайян шуд, ки намунаи чойи хушк аз рӯи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ — ГОСТ 32573-2013 “Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ” ва Регламенти техникии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқ нест.
Манбаъ қайд кард, ки новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, то ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки ба бемасъулиятӣ роҳ дода, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *