Воридоти пахтаи Туркманистонро ИМА манъ кард

Ҳукумати ИМА воридоти маҳсулоти пахтагӣ аз Турманистонро таҳрим кард. Фаъолон Туркманистонро дар истифодаи нирӯи кӯдак дар майдони пахта ҳам муттаҳам мекунанд.

Қароре, ки аз ҷониби хадамоти гумрук ва ҳифзи сарҳадоти ИМА рӯзи 18 май нашр ва рӯзи 24 май дастраси матбуот шуд, мегӯяд, қарор бар асоси аризаи фаъолони ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои U.S. Cotton Campaign, Хабарҳои алтернативии Туркманистон, Форуми байналмилалии ҳуқуқи кор гирифта шудааст. Дар аризаи онҳо гуфта шудааст, ки пахтаи туркманӣ аз роҳи кори маҷбурӣ чида мешавад. Қонунҳои Амрико воридоти маҳсулотеро, ки дар натиҷаи кори ғуломона ва ҳам истифодаи нирӯи кӯдак ба даст меояд, манъ мекунад.

Солона дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар Туркманистон даҳҳо ҳазор кормандони бахши буҷавӣ, аз ҷумла, омӯзгорон, кормандони тиб ҷалб мешаванд. Ширкатҳои маъруфи H&M ва IKEA, ки замоне бар асоси матоъҳои пахтагини сохти Туркманистон маҳсулот содир мекарданд, аз истифодаи пахтаи туркманӣ даст кашиданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар Туркманистон 15,800 нафар ба ҳайси “ғуломони даврони нав” истифода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *