Воридоти тухми мурғ ба Қазоқистон манъ мешавад

Қазоқистон тасмим дорад, ки воридоти тухми мурғро аз кишварҳои сеюм ва аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё  муваққатан манъ намояд.

Лоиҳаи фармон дар сомонаи «Открытые НПА» нашр шуда, то 1 марти соли равон дар баррасии умум қарор хоҳад дошт.

Бино ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, воридоти тухми мурғ аз кишварҳои сеюм ва аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тавассути мошин ба қаламрави Қазоқистон ба муҳлати 6 моҳ манъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Қазоқистон 56,5 миллион сар мурғ мавҷуд буда, нисбат ба соли гузашта 13,8 дарсад зиёд мебошад.

Соли 2023 дар Қазоқистон 4,9 миллиард дона тухми мурғ истеҳсол шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *