Вориси зардуштиён дар Хатлон (Видео)
Хонаводаи Одинашоҳ Қурбонови 86-сола дар як деҳаи кӯҳистонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) насл ба насл ойини зардуштиро ҳифз кардааст. Одинашоҳ Қурбонов рӯзи 22 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардуми маҳалла ба касбу ақидаи ин хонавода эҳтиром доранд.
Худи ӯ ба ҳайси сохтмончӣ дар бунёди беш аз даҳ масҷид дар минтақаашон саҳм гузоштааст ва мегӯяд, набояд ҳеҷ ақида ба воситаи зӯр ба сокинон таҳмил шавад. “Ин мавзӯъ бисёр нозук аст. Ин фалсафа аст. Фалсафаи рӯҳонӣ – дин бисёр вазнин аст. Бо ин мубориза намешавад. Одам бояд худаш бифаҳмад. Агар худам нафаҳмидам, касе маро наметавонад маҷбур кунад”, — афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ 99 дар сади аҳолӣ мусалмон дониста мешаванд. Зардуштӣ, як ойини қадимии қабл аз ислом аст, ки аксари тоҷикон дар гузашта аз он пайравӣ мекарданд. Дар асрҳои 8-9 тоҷикон исломро пазируфтанд ва мисли Одинашоҳ афроди пойбанд ба ойини қадимӣ танҳо дар баъзе аз гӯшаҳои Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон боқӣ монданд. Одинашоҳ дар Тоҷикистон ягона нафаре ҳаст, ки худро ошкоро пайрави ин ойини қадимӣ медонад.
Одинашоҳ Қурбонов ду духтар ва як писар дорад. Духтаронаш шавҳар кардаанд ва ҳоло ӯ дар манзиле, ки аз хонаи сокинон дигари деҳа фарқ надорад, ҳамроҳ бо писараш зиндагӣ мекунад.
Падару бобоҳои ӯ охири асри 19 аз Роғи Афғонистон ба деҳаи Навободи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) кӯчидаанд. Ӯ мегӯяд, аслан ойини зардуштӣ илм аст. Вай мегӯяд, “вақте мехонӣ, мефаҳмӣ, ки ин илм аст. Зардушт иҷоза намедиҳад, ки кӯр-кӯрона аз ӯ пайравӣ кунӣ. Ту аввал маро биомӯз, вақте писанд омадам, маро фаҳмидӣ, баъд марҳамат бипарвар маро”.
Манзили зисти ӯ пур аз созҳои мусиқие ҳастанд, ки замони солим будан бо дастони худ тарошидааст. Ҳоло ин ҳунарро ба ягона писараш ба мерос додааст. Бо мусиқӣ ва созҳои мусиқӣ муносибати хос дорад.
“Охир, бе мусиқӣ зиндагиро намешавад тасаввур кард. Тамоми ҷондори замин мерақсад, мор мерақсад. Кас дидааст рақси морро? Пашша мерақсад, мӯрча мерақсад, занбӯр мерақсад, чизе нест, ки нарақсад. Ҳама ҳаёти зинда мерақсад. Шодӣ мекунад. Пас, сози мусиқӣ аз муҳимтарин василаи шодӣ кардан аст”, — гуфт Одинашоҳ.
Ҳуҷрае аз манзили зисти ин мард устохонаи тарошидани созҳои мусиқӣ ҳаст. Шариф Қурбонов, писари 27-солаи Одинашоҳ касби падарро идома медиҳад ва аз он ҳисоб чархи зиндагиашро гардон мекунад. Ӯ гуфт, “дутор ва асбобҳои дигари мусиқӣ метарошам. Масалан, як дутор то 200 сомонӣ арзиш дорад. Созҳои мо харидорони худро доранд ва бештари вақт тариқи дархост омода мешаванд. Зиндагиамон аслан аз ҳамин ҳисоб аст.”
Дар Тоҷикистон феълан гурӯҳе худро расман ба унвони “зардуштӣ” муаррифӣ накарда ва ҳам дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ номнавис нашудааст. Зардуштиёни Тоҷикистон пас аз қатли Рӯдакии Самадӣ, раҳбари собиқаш дар аввали солҳои 2000-ум соҳиби анҷумане нестанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ