ВОРИСОНИ ТАМАДДУН, ТАНҲО ОЛИМОНАНД

          Чароғи ҳарду олам олимонанд,

           Ба маъни олимон, шамъи ҷаҳонанд.

 Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Мҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 январи соли 2015 башорат додаанд, ки: Омўзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад,зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти уст. Яъне омўзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунад нақши асоси дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст. Аз ин рўй, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омўзгорон зарур аст. Ҳамагон шоҳиди онем, ки бо ташаббуси сарвари давлат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар миқёси ҷумҳуриамон он қадар муассисаҳои таҳсилоти умумиву коллеҷҳову донишкадаҳои олӣ таъсис дода шуд, ки таърихи ҳеҷ як давлати муқтадири рўи олам чунин пешравии босуботро дар соҳаи фарҳангу маъориф, ёд надорад. Соли 2014 бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази тестӣ роҳандози шуд, ки ин тарзу усули бисёр одилона буда, омили асосии коҳишёбии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф гардид. 2570 сол қабл мутаффаккири барҷастаи чин Канфутсий гуфта буд, ки: «таълимот мебояд ҳамагони бошад, на алоҳидаги». Ҳаёти инсони низ исбот намудааст, ки фақат илму маърифат ҳамеша пешбарандаи сохти ҷомеа мебошад. Одамон дар шаклу шамоил, сикаву сўрат шабеҳи якдигаранд. Фарқияту тафовут миёни одамон фақат дар илму маърифати онҳо мебошад. Бузургоне, ки машҳури ҷаҳон гардидаанд, онҳо низ аз ҷинси мардумони қаторианд, вале дар натиҷаи омўзиш дар назди устодони комилу лаёқатманд илм омўхта, маърўфу машҳури ҷаҳон гардидаанд, чуноне, ки ҷаддамон, Мавлонои Балхи гуфтааст:

           Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

          Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

          Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,

         То муриди Шамси Табрези нашуд.

     Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои тести ноком мегарданд, сабаби асосии онҳо таълими нодурусти устодону омўзгорони тасодуфианд. Яъне зомини ноком гардидани довталабон, фақат устодони тасодуфӣ шуда метавонанду холос. Олимону устодони соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ барои донишҷўёни хамаи муассисаҳои таҳсилотӣ, дарси ибратанд ва донишҷуён он устодонро ҳамчун олиму донишманду хирадманд мепиндоранд. Замоне расидааст, ки омўзгоронрону профессорони ҳамаи сохторҳоро низ аз тарафи давлату ҳукумат ҷиддан имтиҳон кунанд.

Кам нестанд муаллимони баландрутбаву номзадҳои илму прпофессорҳое, ки дар давлатҳои дигар, бо кодом воситае номзадии илмӣ ҳимоя намудаанду  аз рўи донишу фаҳмиш ба он рутба ва ё мартаба лоиқу сазовор  нестанд. Агар ин гуна олимон  меъмор  мебуданд, ба хайр мебуд, ки бинои  сохтаи онҳоро аз нав таъмир намудан имконпазир мебуд. Ва ё агар онҳо бойтор мебуданд, ба хайр мебуд, ки хатои ассиминаттсионии онҳоро каси дигаре ислоҳ менамуд. Вале олимони соҳаи илми  маърифат ва ё ба истилоҳ, маъориф бо олитарин офариниши табиат, ки одамӣ аст, сару кор даранд. Аз рўи ривоятҳои китобҳои муқаддас беҳтарини касон назди худову халқ олимонанд, ки ба мардумон нафъ мерасонанд. Бадтарини касон низ олимонеанд, ки бе амаланд ва ё аз рўи илм, ихтироъҳои носавоб мекунанд, амсоли бомбаҳои атомию нейтрониву силоҳҳои ҳастаиву зукоми парандаву хук, ки ба муқобили инсоният равона шудааст,чуноне, ки ҳаким Санойи мегуяд:                     Эи ки пурси ки беҳтарин кас кист,

               Гўям аз қавли беҳтарини касон..

               Беҳтарин кас, касе буванд зи халқ.

               Беш бошад ба ҳалқ нафърасон.

           Ҳаёти одамӣ ҳамчун барқ дар гузару авқоти рўзгор бебадал аст. Донишҷу ва ё талабаи ҳама гуна макотибро ҳар навъе тарбият намоянд, ҳамон гуна рушду нумуъ  меёбад, хоҳ дуруст бошад, хоҳ ғалат, чуноне, ки шоир гуфтааст:

                 Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

                  То ба охир меравад девор каҷ.

Ҳар як хонандае, ки ба мактаб меравад, аллакай ў, бо ҷаҳони ҷадиде мепайвандад, ки олами илму дониш аст. Муаллимро мебояд педагог ва ё ба истилоҳ, рўҳшиносу равоншинос бошад, то ки ба хонанда ва ё талаба, ки маънои   толибилм гуфтанро дорад, илмашро фаҳмонда дода тавонад вагар на ў лоиқи рутбаи муаллимӣ ва ё педагогӣ буда наметавонад.  Аз нигоҳи талабагон ҳувайдост, ки ташнагони илму донишанд ва мехоҳанд ҳама чизро донанд. Фақат устоде лозим меояд, ки мавзўъро фаҳмонида ва ба мафкураи талабагон расонида тавонад, чуноне, ки шоир гуфтааст:

                   Бо ёри нав аз ғами куҳан бояд гуфт,

                   Бо ў, ба забони ў сухан бояд гуфт.

 Яъне, бо кудаке, ки ба муассисаи таҳсилоти умуми меояд, аз илми омўхтаи деринаат  бо забони худи ў, ки маъсумонаву малакути аст сухан бояд гуфт. Нахуст муаллимро лозим мебояд тавонад, ки меҳру муҳаббати худашро дар дили толибилм падарвор ва ё модарвор ҷой намояд, ки дар соҳаи таълиму тарбия аз ҳама муҳим меҳру муҳаббат аст. Мабодо талаба, ва ё толибилм муаллим ва ё муаллимаеро дўст надорад, фанни таълимии ўро низ дўст дошта наметавонад, балки намеомўзад, чуноне, ки Нозирии Нишопури гуфтааст:

Дарси адаб агар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумла ба мактаб оварад, тифли гурезапойро.

Ва ё Хайёми Ҳаким гуфтааст:

Донӣ, ки зи одами чи мемонаду бас,

«Меҳр» асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

Ҳарчанд ба рўи кор дарменигарам,

Некист, ки нек аст, дигарҳо ҳама ҳеҷ.

Нахўст касро мебояд мафҳуми «меҳр»-ро бидонад, ки «меҳр» чист. Меҳр, маънои «равшанои» гуфтанро дорад. Манзур аз меҳр, равшаноии ботинии одамон аст, ки аз чеҳраву лиқои одамон ҳувайдо мегардад. Барои дарки ин маънӣ як иқтибос аз шоҳасари Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ биоварем, кофи аст:

Ҷаҳондор Кисро чу хуршед буд,

Ҷаҳонро аз ў биму умед буд,

Б-ад ин сон равад офтоби сипеҳр,

Ба як даст шамшеру, як даст «меҳр».

 Касоне, ки дар илми риёзӣ (математика) моҳиранд, онҳо ба манзалаи ҳисоббарорак (калкулятор)-анд, вале илми адабу равоншиносӣ ба куллӣ дигар аст, ки шахси оқилу доноро мебояд барои инсони комил будан дигар илмҳои замонаро мустаъқилона биомўзад. Олимоне, ки дар соҳаи илми кимиё моҳиранд, ба манзалаи элемент ва ё таблитса мебошанд. Олимоне, ки донандаи танҳо илми физика (табииёт) мебошанд, онҳо ба манзалаи ротору генератору протсессор ва амсоли инҳо, вале илми адабу педагогию равоншиносӣ, дигар аст. Ҳар як омўзгорро мебояд аз ҳамаи илмҳои замона бархурдор бошад, он замон лоиқу сазовори рутбаи омўзгори комил ва маълумоти «Олӣ» буда метавонад. Аз якчанд рафиқе, ки рутбаи профессори доранд, суол намудам, ки домулло, мафҳуми калимаи  «профессор»  бо забони тоҷики чи маъно дорад? Дар ҷавоб «олиму донишманд» гуфтанд, ҳол он  ки «прфессия» ба лафзи мо маънои «касб»-гуфтанро дораду «профессор» маънои «косиб» гуфтанро дорад. Косиби кадом як соҳае набошад. Хоҳ косиби соҳаи медитсина бошад, хоҳ косиби соҳаи физикаву кимиёву риёзӣ ва ғайра.  Аз якчанд рафиқи рутбаи профессори доштаи дигаре суол намудам, ки маънои вожаи «асар» чист? Дар ҷавоб гуфтанд, ки «асар» ду намуд мешавад. Асари илмӣ ва асари бадеъи. Суол «асар» буд ва «асар» ба лафзи мо маънои «таъсир» намуданро дорад, ки манзури шоир ва ё нависанда ба дили хонандаву ба ҷамъият таъсири илмию маънавӣ расонаду аз рўи назария-теорияҳои он амал намоянд, чуноне, ки шоир гуфтааст:

 Аз нолаи ман санг ба фарёд омад,

К-андар дили ту намекунад ҳеҷ «асар».

       Ва ё мақоли ҳазломези халқие ҳаст, ки:  Бе пул суханат «асар» надорад.  Аз рўи таълитмоти китобҳои муқаддас ҳамчун Суҳуфу Вусто, Тавроту Инҷилу Фурқон ҳар як тифли маъсум, ба олами ҳаству шаҳодат ҳамчун фариштае фуруд меояд, ки мардумон тифлонро ғайри ихтиёр малоика, яъне фаришта меноманд. Он тифли маъсуму беолоиш дар натиҷаи тарбияи волидайну устодон ва муҳити атроф  хоҳ расми малакутиро ихтиёр менамояд, хоҳ расми аҳриманиро, чуноне ки шоир Маъдан гуфта аст:

           Ростон дар суҳбати каҷтинатон каҷ мешаванд,

          Кафш гардад з-ихтилофи пойи каҷ, ночор каҷ.

     Дар забони гуфтугўиамон волидайнҳо ғайриихтиёр писарону духтаронашонро «фарзанд» меноманд. Мафҳуми калимаи «фар-занд»-ро ба ҳиҷоҳо қисмат намоем, маънояш зоҳиру ҳувайдо мегардад, ки «фар», калимаи пок форси-тоҷикӣ буда, маънои равшаноиро дораду «занд» бошад маънои қасду мароми зиндагиро дорад. Он чуноне, ки Қуръон, «тафсир» дорад, Авасто низ «занд», яъне тафсир дорад. Мақсаду мароми зиндагии падарону модарон, фақат фарзандонанд. Ҳакими Тўсӣ аз забони Шоҳ Қубод, ки падари Хусрави-1, Анушервон буд, чунин мегўяд:

    Ба фарҳангиён дод «фарзандро»,

     Ҳамон подшоҳи барумандро.

    Ҳама кори Эрону Турон бисохт,

    Ба гардун кулоҳи меҳи барфарохт.

Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин аз думаи давлати суол намуд, ки аз чи сабаб аст, ки давлатҳои Амрикову Сингапур дар  донишомўзиву донишпазири дар миқёси ҷаҳонӣ дар миёни 197 давлати мустақили рўи олам  ҷойи якуму дуюмро ишғол мекунанду Россия бошад ҷойи 28- умро ишғол менамояд? Аъзои парлумон дар якҷояги сабаби инро дар олимону академикҳои тасодуфӣ баён намуданд. Сипас бо фармони президенти ин кишвар, малакаву маҳорати  кулли академикҳову олимони соҳаҳои гуногуни ин кишвари абарқудратро аз нав санҷида, сатҳи дониши ҳар як олиму профессорро муайян намуданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки зиёда аз 30 % дар сади олимони соҳаҳои гуногун ба ғалат аз давлату ҳукумат маоши баланд гирифта, донишҷўёнро нодуруст тарбият медиҳанд ва ба давлату ҷамъият суди кофӣ дода наметавонанд. Давлати куҳанфарҳангу тозабунёди Тоҷиконро низ месазад аз таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ибрат гирифта, дар даврони истиқлолият, дар ибтидои асри нав, хоса бо эълон гардидани соли ҷавонону рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ бо ҷиддияту самимият дар ҷумҳуриамон бо илму амали замонавӣ барои ифтихори миллати куҳанфарҳангу тозабунёдамон, қадами устувор гузорему уламои тасодуфиро муайян намоем. Ногуфта намонад, ки сардафтари адабиёти классики форс-тоҷик, Абу-Абдуллои Рўдакӣ 941 сол қабл аз сардафтари адабиёти классики рус, Александр Сергеевич Пушкин зода шуда аст ва як миллиону сесад ҳазор мисраъ шеър эҷод намудааст. (А.Р.878-941,_А.С.П.1799-1838). Чуноне, ки шоир дар васфи Рўдакӣ гуфтааст:

Гар саре ёбад ба олам, кас ба некўшоирӣ,

Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ўро баршумурдам сездаҳ раҳ, сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агарчи боз ўро бишмари.

                   Дар кўчаву хиёбонҳо  аз суханронии Президенти кишварамон овезаҳои  «Фарҳанг, ҳастӣ ва ҷавҳари миллат аст»-ро сари ҳар қадам мушоҳида мекунем, ки ин башорати Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Мўҳтарам Ҷаноби Олӣ саҳл нестанд. Ҳамаи ҷонзоди олам, ҷон доранд, вале одамиро зарур аст, ки бо вуҷўди ҷон доштанаш,ҷавҳар, яъне маърифати баланди инсонӣ низ дошта бошад. Одамон дар шаклу шамоил, сиккаву сўрат мушобеҳи якдигаранд. Фақияту тафовут миёни одамон, танҳо дар илму маърифати онҳо мебошад. Бофарҳангии мардумони кишварамон  аз олимони лоиқу содиқи Ватанӣ  вобастагӣ дорад, чуноне, ки дар ахбор омадааст: Ал уламоу варасатан ун анбиё, яъне олимон ворисони паёмбаронанд. Сарвати бебаҳои ҳар як давлат, нафту газу тиллову нуқраи он набуда, бофарҳангиву худогоҳии мардумони ҳамон мулку мамлакат мебошад. Дар мавриди муайян намудани донишу малакаи олимони ҳамаи сохторҳои ҷамъиятӣ, дар миқёси Ватани маҳбубамон, фасодкорӣ ва ё ба истилоҳ, (коррупсия) то андозаи 72% дар сад коҳиш меёбад, ки ин ба рушду нумуъи кишвари азизамон суди зиёд мебахшад. Дар ин мавзўъ Муҳамаалӣ Соҳиби Табрезӣ дар замони худаш гўфта буд:

Аз ҳиммати баланд асар дар ҷаҳон намонд,

Як сарв дар саросари ин бўстон намонд.

Мурғони нағмасанҷ ҷилои ватан шуданд,

Ҷўз байзаи шикаста дар ин ошиён намонд,

Равшандилон чу барқ гузаштанд аз ҷаҳон,

Хокистаре ба ҷой аз он корвон намонд,

Аз чашми сурмавори давот об шуд равон,

Ширинзабонии қалами нуқтадон намонд.

Соҳиб, забони хома ба коми давот каш,

К-имрўз як суханталабе дар ҷаҳон намонд.                                              Барои муайян намудани ин норасоии ҷидии ҷамъиятӣ, давлату ҳукуматро месазад дар дар ҳар як вазорату академияҳои улум, маъорифу тиббу фарҳангу кишоварзӣ, хоса дар вазоратҳои ҳифзи ҳуқуқ комиссияҳои беғаразу босалоҳият мураттаб намояд ва малакаву маҳорати ҳар як профессору номзади илм, мудирони маъорифу муаллимону ашхоси баландрутбаро муайян намояд.        2570-сол қабл,мутафаккири барҷастаи чин, Кафутсий гуфта буд, ки ҳамаи одамон дар ин ё он шакле бояд таълим бигиранд, зеро савод барои солимии ахлоқи ҷомеъа, ногузир аст. Ин назария-теория пири хирад Канфутсий, асрҳои зиёд аст, ки дар мамлакати Чин ҳамчун асосу пояи фалсафаи рушди иҷтимоӣ ва сиёсии ин давлат амал менамояд ва сабаби рушди босуботи давлати Чин ҳам, дар  асоси теорияву назарияи ин пири хирад, Канфутсий мебошад. Адиб Фирдавсии Тўси низ дар шоҳасараш оварода аст,ки :

Маёсой аз омўхтан як замон,

 Зи дониш маяфкан дил андар гумон.

Низомии Ганҷавӣ бо сўзи орифона гуфтааст:

  Ниюшандае хоҳам аз рўзгор,

Ки гўям бад-ў рози омўзгор..

 Ҷаҳон бинам аз майли хоҳанда пур,

  Яке сўи дарё, дигар сўи дурр.

  Надидам касеро дар ин рўзгор,

  Ки майлаш бувад сўи Омўзгор.

Одам-уш-Шуъаро Абуабдуллои  Рўдакӣ бо шуурнокии баланд инсонӣ гуфтааст,ки:                                                         Ҳар, ки номўхт аз гузашти рўзгор,

   Ҳеҷ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.

 Дар ин мавзўи ҳаётан муҳим бо ин қадар гуфтор кифоят намудем. Умедворам шахсони мутасаддии академияи улум ва вазорати маъорифу фарҳанги ҷумҳуриамон нисбати ин масъалаи зарури рўзгор бетараф набуда, барои солимии ҷомеа, бо ҷаҳду талоши самимона соҳаи илму маърифатро ба низоми муайян медароранд.

Раҳмат  Шералиев,

Омӯзгор,н.Восеъ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *