Вожаи «ҒАР»: Баҳсе, ки теша ба решаи таърихи тоҷикон мезанад
Ҳафтаи гузашта дар «Тоҷикистон» мақолаи Одил Нозир таҳти унвони «Баҳси ғар. Фоҳиша ё худои кӯҳҳо» ба нашр расид, ки вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, дар он навишта назари вазири маориф ва илми Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Саид Нуриддин Саид низ истифода шуда буд. Чун баҳсҳо атрофи вожаи «ғар» зиёд шуданд, донишмандони тоҷик Нуриддин Саид ва Насрулло Убайдулло зарур донистанд, ки дар мавриди вожаи «ғар» ва шарҳу тафсири он дар адабиёти илмӣ мақолае омода намоянд. Ин мақоларо ҳамчун идомаи баҳс пешкаши шумо мегардонем.
Насрулло Убайдулло, доктори илмҳои таърихНомҳои ҷуғрофӣ ё топонимҳо ҳамчун хотираи таърихии миллати тоҷик аз ҳаводиси пурасрори замонҳои гузашта боқӣ мондаанд ва яке аз сарчашмаҳои муҳиму раднопазири таърихи кишвар, зиёда аз ин, далели раднопазири таровиши чашмасорони дарёи муҳташам, ҷаззоб, гуворо ва шакарини забони тоҷикӣ маҳсуб меёбанд. Гузашта аз ин, вожа ва номҳои ҷуғрофӣ дар марҳалаҳои рушду нумӯи таърих пайдо шуда, тадриҷан ташаккул ёфтаанд ва бо мурури замон тағйири шакл ва гоҳо тағйири мазмун намудаанд. Паҳншавии топонимҳо бештар аз ҳаводиси таърихию ҷонфидоиҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик дар набардҳои зиндагӣ дарак медиҳанд. Номҳои ҷуғрофӣ ё топонимҳо ба ҳайси макони сукунат интихоб шудани маҳал, кӯчбандии ихтиёрию иҷбории аҳолӣ, ҷангҳо, муносибатҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва муоширати забонӣ дар ҷараёни таърих ба вуҷуд омадаанду меоянд. Аз ин рӯ, дар забоншиносию таърихшиносӣ, ба вижа ҷуғрофияи таърихӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи топонимҳо на камтар аз манобеи дигар таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Номҳои ҷуғрофӣ ва топонимҳои зиёди тоҷикӣ дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна, қораи Ҳинду Қафқоз, Хуросону Мовароуннаҳр, манотиқи Эрону Халиҷи Форс ва берун аз он мушоҳида шуда, аз таърих ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷик ва забони он дарак медиҳанд. Номҳои ҷуғрофӣ ва топонимҳоро мутахассисони соҳа ба ду гурӯҳ табақабандӣ мекунанд. Табақаи аввал топонимҳои қадимаро, ки аз забонҳои суғдӣ, бохтарӣ ва хоразмӣ боқӣ мондаанд, фаро мегирад. Табақаи дувум номҳои ҷуғрофии қадимаеро дар бар мегирад, ки бевосита ба забони тоҷикӣ мансубият доранд. Номҳои ҷуғрофӣ аз калимаҳои тоҷикии об, дарё, боғ, кӯҳ, дара, теппа ва ғайра таркиб ёфта, қариб дар тамоми ҳудудҳои фавқуззикр вомехӯранд, вале дар баробари он номҳое низ ҳастанд, ки аз забонҳои қадимаи суғдию бохтарӣ реша гирифта, бархе аз онҳо дар шакли қадима маҳфуз мондаанд ва бархи дигаре бо гузашти айём тағйири шаклу мазмун намудаанд. Ба ҳар сурат номҳои ҷуғрофӣ ва топонимҳо махзани боэътимоди таърихи ниёкони мо ва инъикоси ҷонфидоиҳои фарзандони барӯманди халқи тоҷик дар набардҳои зиндагӣ буда, ҳифзу нигоҳдошти онҳо вазифаи ҳар фарди худогоҳ аст.
Иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бозгашт ба номҳои таърихии маҳаллу музофот, даст кашидан аз номҳои бегона ё тағйирёфтаву аз маънои асл дуршуда ва номгузорӣ тибқи талаботу муқаррароти забони муосири тоҷикӣ иқдоми ниҳоят муҳим ва аз назари манфиатҳои миллӣ яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти умда ва масоили доғи рӯз мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол то кунун номҳои зиёди ҷуғрофие ҳастанд, ки реша аз забонҳои қадимаи суғдию бохтарӣ доранд ва дар назари аввал ҳамчун калимаи бегона ва ба забони тоҷикӣ хоснабуда ба назар мерасанд. Аммо ҳангоме, ки аз нуқтаи назари илмӣ ва бо истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ онҳоро таҳлил кунем, боз ҳам таъсири ҳамон забонҳои қадима ва ё муосири худро дар ташаккули онҳо мушоҳида менамоем. Аз қатори чунин номҳо топонимҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки дар таркиби худ вожаи «ғар» ва ё «гар» доранд. Таҳқиқоти таърихию ҷуғрофӣ ва забоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки вожаи «ғар» аз забонҳои қадимаи аҷдодӣ, махсусан забони суғдӣ ба мо ба мерос мондааст.
Доир ба маънои вожаи «ғар» ба тарзи мухтасар мо дар яке аз мақолаҳои худ (Вожаи «ғалча» ва шарҳу тафсири он дар адабиёти илмӣ //Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», №50 (1196), 14.12.2016. -С.12-13; маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», 2016, №12. — С.12-16) ба хонандаи азиз маълумот дода будем. Аз ҷумла, таъкид намуда будем, ки маъхазҳо ва пажӯҳишҳои муҳаққиқони шинохтаи дохилию хориҷӣ шаҳодат медиҳанд, ки решаи вожаи «ғалча» шакли тағйирёфтаи «ғарча» буда, аз калимаи «ғар» — кӯҳ маншаъ гирифтааст ва маънояш кӯҳистонӣ аст. Имрӯз низ дар забони яғнобӣ, ки як шохаи забони суғдӣ ё шеваи он аст, ин вожа фаровон истифода мешавад.
Дар «Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ» вожаи «ғар» ба маънии кӯҳ омадааст ва муаллифи ин фарҳанг ҳамчун далел ҷумлаву ибораҳои зиёдеро аз забони яғнобӣ меорад. Аз ҷумла, «Ит ғари нум Шаҳат Арус хаст», яъне «Номи ин кӯҳ Шаҳ ва Арӯс аст» ё «Ғари сар асаним, ки рахшин авӣ», яъне «Болои кӯҳ баромадем, баъд равшан шуд» ё «Виёра ғари сар анапидим», яъне «Шаб дар болои кӯҳ хобидем» (ниг. Мирзозода С. Фарҳанги яғнобӣ — тоҷикӣ. Душанбе, 2008. С. 50). Ҳамзчунин, дар забони яғнобӣ вожаҳои зиёде, ки аз калимаи «ғар» реша гирифтаанд, мавриди истифода қарор доранд. Масалан: ғарлапа — лаби кӯҳ, гӯшаи кӯҳ; ғарсара – болои кӯҳ, сари кӯҳ; ғартака — таги кӯҳ, поёни кӯҳ; ғаркана — кӯҳкан ва ғайра (ниг. Мирзозода С. Фарҳанги яғнобӣ — тоҷикӣ. -С. 51).
Ховаршиноси шинохтаи рус М.С. Андреев низ дар асараш «Матнҳои яғнобӣ» меорад, ки «ғар» аз забони суғдӣ буда, маънояш кӯҳ, ағба мебошад (ниг. Андреев М.С., Пещерова Е.М. Ягнобские тесты. С приложением ягнобского-русского словаря, составленного М.С. Андреевым, В.А. Лившицем и А.Н. Писарчик. Изд. АН СССР. М.-Л.,1957. С. 256). Дар ин луғат низ калимаҳое оварда шудаанд, ки реша аз вожаи «ғар» гирифтаанд. Масалан, калимаи «Ғорра» (санги калон), «Ғармен» (номи деҳа), ки маънояш рустои кӯҳӣ аст (ниг. Андреев М.С., Пещерова Е.М. Ягнобские тесты. С. 257).
Доир ба вожаи «ғар» ва калимаҳои аз он таркибёфта дар фарҳанг ва луғоти гуногун шарҳу тафсирҳои мухталиф вомехӯранд. Дар байни онҳо бештар номи вилоят ва ё мулк, ки бо истифода аз вожаи «ғар» ё «гар» таркиб ёфтааст, мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, дар «Ҳудуд-ул олам» аз мулки Ғарҷистон ёд мешавад: «Ғарҷистон ноҳияест, қасабаи ӯ Башин аст. Меҳтари ин ноҳиятро шор хонанд. Ҷойи бисёрғалла ва кишту барз ва ободон аст ва ҳама кӯҳ аст» (ниг. «Ҳудуд-ул-олам». Душанбе: Бухоро», 2014. С.55). Дар «Тарҷумаи таърихи яминӣ»-и Ҷурфодиқонӣ аз вилояти Ғаршистон ва ё шакли кӯтоҳи он Ғарш ёдоварӣ шудааст, ки манзур аз вилояти кӯҳистони Сомониён аст (ниг. Тарҷумаи таърихи яминӣ. Муқаддима, таҳия, таҳшия, таълиқот, луғот ва феҳристи Н.И. Ғиёсов. Хуҷанд: Ношир, 2013. С.223, 224, 244). Дар сарчашмаҳои таърихию ҷуғрофии асримиёнагӣ ин мулк асосан бо шаклҳои гуногуни «Ғарҷ», «Ғарш», «Ғарча», «Ғаршистон» ва «Ғарҷушор» сабт ёфтааст (ниг. Муин. Фарҳанги форсӣ. Ҷ.6. Теҳрон: Амири Кабир, 1375. — С.1245. Ё худ, ниг. Абдуллоев С. Фарҳанги Сомониён. М., 2001. — С.191). Топоними мазкур аз ду ҷузъ – ғар ва истон иборат аст, ки ҳар ду калимаи суғдӣ буда, аввалӣ маънии кӯҳ ва дувумӣ макони зистро ифода мекунад. Ҷуғрофишиноси машҳури асримиёнагӣ Муқаддасӣ истифодаи «ғар» ва «ғарҷ»-ро ба маънои кӯҳ қайд намудааст (ниг. Ле Стренҷ. Ҷуғрофиёи таърихии сарзаминҳои хилофати шарқӣ. Теҳрон, 1967. — С.442; Донишномаи Сомониён. Хуҷанд, 2008. — С. 290).
Ба андешаи В.В. Бартольд, байни аҳолии водӣ ва кӯҳистон эҳтимол ҳанӯз дар замони тоисломӣ фарқ гузошта мешуд. «Дар давраи исломӣ, -менависад ӯ, — мо бо истилоҳоте дучор меоем, ки аз рӯи таркиби овозҳояшон баромади хеле қадимӣ доранд: ғар (кӯҳ), ғарча ё ба талаффузи кунунӣ ғалча (кӯҳистонӣ), Ғарч ё Ғарчистон – вилояти Кӯҳистон. Ноҳияи болооби Мурғобро (дар Марв) ба таври махсус Ғарчистон меномиданд ва он то асри XI мулки ҷудогона ба шумор мерафт: ғайр аз ин Самъонӣ дар асри XII дар бораи «Ғарчистони Самарқанд» сухан ронда, ба эҳтимоли қавӣ ноҳияи кӯҳсори болооби Зарафшонро дар назар дорад» (ниг. Бартольд В.В. Таджики. Исторический очерк. С. 457).
Аз мутолиаи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ муайян мегардад, ки дар ҳудуди кӯҳистони Хуросони Шарқӣ, дар қисмати болооби рӯди Мурғоб то аввали асри ёздаҳум шоҳигарие бо номи Ғарҷистон мавҷуд буд. Аҳли ин шоҳигариро ғарча ва ё ғарчагон меномиданд.
Дар ҷилди 4-уми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар достони «Фиристодани Афросиёб Хоқон ва Комусро ба ёрии Пирон» омадааст:
Чу Ғарча зи Сагсору Шангул зи Ҳинд,
Ҳаво пурдирафшу замин пурпаринд.
Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», аз ҷумла дар достони «Фиристодани Кайхусрав Гударзро ба ҷанги Тӯрониён», ки дар ҷилди 5-уми ин шоҳасар омадааст, фармудааст:
Алонону Ғарча ба Лӯҳрост дод,
Бад-ӯ гуфт, к-эй гурди фаррухнажод!
Ё худ, дар достони «Лашкар оростани Кайхусрав бо Афросиёб» (ҷилди 5-ум) чунин омадааст:
Шаҳи ғарчагон буд бар сони шер,
Куҷо пушти пил оваридӣ ба зер.
Дар ҷилди 6-уми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар достони «Накӯҳиш кардани Исфандиёр нажоди Рустамро» чунин байтро мутолиа мекунем:
Пазируфт Сомаш зи бебаччагӣ,
Зи нодониву пириву ғарчагӣ.
Ҳамзамон, дар ҷилди 8-уми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар достони «Номаи Баҳроми Гӯр назди бародараш Нарсӣ ва Эрониён» чунин мисраъҳо оварда шудаанд:
Чағониву хатливу балхӣ радон,
Бухориву аз ғарчагон мӯбадон.
Ё худ, дар ҷойи дигари «Шоҳнома» Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ фармудааст:
Аз Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст,
Дари ғарчагон то дари буми Бӯст.
Қобили зикр аст, ки масъалаи мазкур асосан дар адабиёти классикии тоҷик гузошта шуда, дар адабиёти илмии даврони тошӯравӣ, ба вижа дар пажӯҳишҳои муҳаққиқони тоинқилобии рус ва муҳаққиқони Осиёию Аврупоӣ оид ба он маълумоти муфассалтар дастрас аст ва мо аз ин сарчашмаҳо истифода намудем. Аз ҷумла, академик В.В.Бартолд, муаррихон ва ховаршиносон М.С.Андреев, Г.Вамбери, А.Д.Гребенкин, А.Хорошхин, Л.Н.Соболев, Н.Минаев, А.Ф.Миддендорф, С.Д.Масловский, А.А.Семенов, А.Шишов, С.В.Димитриев, Ф.Назаров, А.А.Бабринский ва даҳҳо муҳаққиқони дигар доир ба вожаи «ғар» ва вожаи «Ғарҷистон» маълумот додаанд.
Номи яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикони кишвари Синҷон (ҳоло ноҳияи Худмухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой) Кошғар аст, ки дар маъхазҳои асримиёнагӣ ба гунаҳои «Коҷғар», «Гоҷғар», «Кочғар» ва «Кожғар» низ ёдоварӣ мешавад (ниг. Донишномаи адаби форсӣ. Ҷ.1. Адаби форсӣ дар Осиёи Миёна. Теҳрон, 1380. — С. 731). Ин вожа низ мансубият ба кӯҳ ва мавқеи ҷуғрофии ин минтақаро ифода мекунад. Шакли дурусти топоними мазкур Кашғар буда, аз ду ҷузъ «каш» — «бағал» ва «ғар» — «кӯҳ» таркиб ёфтааст ва маънии «кӯҳдоман» ё худ «кӯҳбағал»-ро дорад (ниг. Донишномаи Сомониён.Ҷ.1. — С. 424). Вожаи «ғар»-ро дар таркиби топонимҳои зиёд, амсоли Ғарм, Данғара, Ғарзой, Ғарғара, Ғармен, Ғарсара, Ғарчик, Беғар (шакли дурусташ аз нуқтаи назари мо – Беҳғар) ва ғ. маҳфуз мондааст (ниг. Хромов А.А. Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана. Душанбе, 1975. — С.75).
Маъхазҳои таърихӣ доир ба мавҷудияти топонимҳои дигаре низ ба мисли Ғарак, Ғарақ, Ғарканд, Ғармаш хабар медиҳанд. Масалан, Ғарақ яке аз рустоҳои Усрушана буд, ки дар шашфарсахии Хуҷанд дар кӯҳ мавқеъ дошта, маркази калони бозоргонӣ маҳсуб меёфт (ниг. Ҳудуд-ул-олам, с. 111-115; Нодир Каримиёни Саридаштӣ. Усрушана. Теҳрон, 2002. — С. 67-68). Ба ҳамин минвол топоними Ғарканд шаҳракеро дар байни Шошу Туркистон ифода мекард (ниг. «Сомониён дар оинаи таърих». Ҷ.2. Хуҷанд, 1998. — С.12).
Ба масъалаи мавриди назар ишора карда, забоншиноси шинохтаи шӯравӣ Э.М.Мурзаев таъкид менамояд, ки решаи топонимҳои Ғарҷистон дар Осиёи Миёна, Норин Хараула ва Долонхара дар Муғулистон, Ушғар ва Ҷетиғар дар Қазоқистонро аз вожаи қадимаи ҳиндуаврупоии «ғар» бояд ҷуст (ниг. Э.М.Мурзаев. Очерки топонимики. М., 1974. — С. 267).
Аз сарчашмаҳо аён мегардад, ки дар забони бохтарӣ низ кӯҳ бо вожаи монанд ба «ғар»-и суғдӣ ифода меёфтааст. Масалан, имрӯз дар забонҳои вахонӣ ва рӯшонӣ кӯҳ, сангворро «ғор» мегӯянд. Дар ин росто нуқтаи назаре дар байни олимон ҷой дорад, ки калимаи русии «гора» реша аз вожаҳои қадимии ҳиндуориёии «ғара» мегирад. Имрӯз дар манотиқи кӯҳистон номҳои зиёди ҷуғрофӣ боқӣ мондаанд, ки ба ин вожа алоқаманд мебошанд. Масалан, Фалғар, Утоғар (ноҳияи Айнӣ), Упоғар, Шоғар, Ғардук, Полғар, Маниғар, Мосоғар, ӯлғар (шаҳри Панҷакент), Ғорон, Ғоронзамин (дар Вахон), Ғармен (Яғноб), чунонки қаблан таъкид гардид Беғар (н.Варзоб) ва даҳҳо калимаҳои дигаре, ки вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии бевоситаашон дар кӯҳ ва атрофи он чунин номгузорӣ шудаанд. Аз маълумоти дар фавқ зикршуда, метавон хулоса намуд, ки вожаи «ғар» аз забони қадимаи суғдӣ ба мо мерос монда, яке аз ҷузъҳои фаъоли топонимсоз аст ва маънои аслии он «кӯҳ» мебошад.
Дар анҷом бори дигар таъкид месозем, ки ҳифз, эҳё ва ба насли оянда ба мерос гузоштани анъана, урфу одат, арзишҳои фарҳангию таърихии миллат, аз ҷумла, топонимикаи ҷуғрофию таърихӣ вазифаи ҷонию қарзи шаҳрвандии ҳар як зиёии равшандилу ояндасози миллати куҳанбунёди мо мебошад. Аз ин рӯ, иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бозгашт ба номҳои таърихӣ, даст кашидан аз номҳои бегона ё тағйирёфтаву аз маънои асл дуршуда имрӯз ба як зарурати таърихӣ табдил ёфтааст. Зеро, чунонки Пешвои миллат дар асари хеш «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар фасли «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои Истиқлолият» ишора намудаанд, имрӯз таърих ба як бозори байналмилалие табдил ёфтааст, ки на фақат фурӯшандаву харидор, балки даллолони худро ҳам дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки саҳифаҳои пурарзиши таърихи миллатамонро биёмӯзем, аз он сабақи зарурӣ бардорем ва онро бо тамоми ғановату ҷаззобаташ ба наслҳои минбаъда бирасонем.
Нуриддин Саид,
доктори илмҳои фалсафа
Насрулло Убайдулло,
доктори илмҳои таърих
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ