Вуруди 200 ҳазору 70 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ба Тоҷикистон
Шаби 27-уми июни соли равон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ҳазору 70 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.
— Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ