Вуруди 698 ҳазору 500 воя ваксинаи иловагии “Астра зенека” ба Тоҷикистон

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар доираи ба иммунизатсия фаро гирифтани ҷомеа ба кишвар боз 698 ҳазору 500 воя ваксинаи “Астра зенека” ворид гардид.

— Шаби 1-уми декабри соли равон бо мақсади ба пуррагӣ фаро гирифтани сокинони мамлакат ба иммунизатсия иловатан 698 ҳазору 500 воя ваксинаи “Астра зенека” ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардида, иқдомоти амалӣ дар ин масир идома дорад,- мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ин иқдом ва ҷиҳати ҳифозати сокинон аз сирояти мазкур то ба  имрӯз ба қаламрави Тоҷикистон 5 намуд ваксина дар ҳаҷми 6 миллиону 137 ҳазору 700 воя ворид гардидааст.

Маврид ба ёдоварист, ки аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30-юми ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *