Вуруди зиёда аз 2 миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ба Тоҷикистон

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат имшаб бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва бо мусоидати механизми КОВАКС тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба Тоҷикистон 2 миллиону 962 ҳазору 800 воя ваксинаи  “КоронаВак” ворид гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, то санаи 23-юми декабри соли равон беш аз 3 миллиону 618 ҳазор нафар (62,1%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 2 миллиону 875 ҳазору 693 нафар (49,4%) шаҳрвандон гирифтаанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3-юми июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *