Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон ворид шавад
Дар ҷараёни сафараш ба Душанбе раиси ширкати Wildberries Татяна Ким бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ёддошти ҳамкорӣ имзо кард.
Гуфта мешавад, ки Маркетплейси Русия “Wildberries” барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон омода аст.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки ин созишнома ҳам барои ифтитоҳи бозорҳои нав барои ин ширкат ва ҳам барои бунёди маҷмааҳои логистикӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
«Мо интизорем, ки ёддошт ба тиҷорати электронӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони тоҷик такони мусбат хоҳад дод», — таъкид кард ӯ.
Wildberries як маркази тиҷоратии онлайн дар Русия аст. Соли 2004 аз ҷониби Владислав ва Татяна Бакалчук таъсис дода шудааст. Дар Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Исроил, Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон фаъолият мекунад. Бузургтарин мағозаи онлайн дар Русия солҳои 2016-2020 дониста шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ