Ягона устои читгар дар Осиёи Миёна тоҷик аст

Ҳоло ин ҳунари аҷдодӣ қариб, ки пурра аз байн рафтааст. Танҳо оилаи Саидовҳо бо роҳбарии Усто Мирамин дар шаҳри Истаравшан бо ин касб машғуланд.

Ҳоло ин ҳунари аҷдодӣ қариб, ки пурра аз байн рафтааст. Танҳо оилаи Саидовҳо бо роҳбарии Усто Мирамин дар шаҳри Истаравшан бо ин касб машғуланд. Намунаи ҳунари ӯ дар осорхонаҳои Лондон, Париж, Москва, Санкт-Петербург, Остона, Тошканд, Душанбе ва худи Истаравшан маҳфузанд.

Читгарӣ ҳунарест, ки бо истифодаи қолабҳои махсус матоъҳои сафеди пахтагинро оро медоданд. Рангҳое, ки дар читгарӣ истифода мешаванд, аз растанӣ, пӯсти меваву решаҳои дарахтон таҳия мешаванд. Ин гуна матоъҳо барои либос, ороиши хона, дастархон, барои кӯрпаву кӯрпача ва ҳар чизе ки ба инсон барои ҳавасаш лозим буд, истифода мешаванд. Ҳунари читгарӣ аз насл ба насл авлодан мегузарад. Дар баробари ҳунари читгарӣ ба ҳунарманди читгар қолаб мерос мемонад. Умри қолабҳо 300-400 — сола ҳам мешавад. Қолабҳо шакли гулҳои гуногунро дошта, тариқи онҳо матоъ ба як қолини хеле забои пурнақш табдил меёбад. Дар гузашта аз рангҳои сиёҳ, сафед, сурх ва зарду сабз истифода мекардаанд, аммо то имрӯз тарзи таҳияи ранги сабз аз байн рафтааст. То имрӯз омода кардани 4 ранг — сиёҳ, сафед, сурх, зард боқӣ мондааст.

Аҷиб ин аст, ки ҳарчанд матоъ дар ҳар деги ранг алоҳида ҷӯшонида шавад ҳам, ҳар як гули он танҳо ранги пешбинӣ намудаи косибро ба худ мегираду халос ва сифати худро солҳои тӯлонӣ нигоҳ медорад.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Умед Исҳоқзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *