Яхҳо об мешаванд! Театри Лоҳутӣ ба Эрон рафт!

Намоиши “Фирдавсӣ”-и Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар 40-умин ҷашнвораи театрии “Фаҷр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат хоҳад кард. Дар ин бора директори театр Лутфуллоҳи Давлат дар суҳбат ба Pressa.tj хабар дод.

“Зуҳри имрӯз ҳунармандони тоҷик тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Теҳрон парвоз карданд. Намоиши “Фирдавсӣ” дар 40-умин ҷашнвораи театрии “Фаҷр” меҳмони вижа хоҳад буд”,- гуфт номбурда.

Намоиши “Фирдавсӣ” аз рӯйи романи нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода таҳия шуда, коргардони он Султон Усмонов саррежиссёри Театри Лоҳутӣ аст. Нақши шоир Абулқосим Фирдавсиро дар ин намоиш Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир иҷро мекунад. Ҳунармандони маъруфи театр, аз ҷумла Ортиқи Қодир, Исфандиёр Ғуломов, Фирӯз Умаров, Аъзам Розиқ ва дигарон дар намоиш нақш мебозанд.

“Фирдавсӣ” соли 2019 дар ҷашнвораи “Парасту” сазовори шоҳҷоиза ва ҳамон сол дар Қирғизистон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли сард будани муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон ин аввалин бор аст, ки ҳунармандони тоҷик ба Эрон мераванд. Сафари ҳунармандон ва нармӣ дар сиёсати ду кишварро коршиносон ях шудани об миёни Тоҷикистону Эрон арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *