Як ҳайати фаластинӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Ҳайати Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Бино ба иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо бо забони арабӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шудааст.
Ба меҳмонон намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” ва дигар толорҳои намоишии осорхона муаррифӣ карда шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошанд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ ҳайати Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ