Як ҳуҷҷати нодир. Аз пайванди Тоҷикистон бо Наврӯз
Мардуми тоҷик тамаддуни бостонӣ ва таърихи тӯлонии давлатдорӣ дошта, ҳамеша бо Наврӯз пайванду ҳамнафас будаанд. Аммо ахиран ҳуҷҷати нодири таърихие ба даст омад, ки давлати навини тоҷикон — Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар рӯзи ҷашни Наврӯз эълон шуда, расмият ёфтааст.
Қарор дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ҳанӯз 14-уми ноябри соли 1924 қабул шуда, ҳукумати аввалини он бо роҳбарии Нусратулло Махсум ҳанӯз 26-уми ноябри ҳамон сол таъсис гашта буд.
Аммо вақте моҳи январи соли 1925 роҳбарияти Тоҷикистони тозатаъсис ба шаҳри Душанбе омаданд, яке аз аввалин вазифаҳои онҳо расман эълон намудан ва расмият бахшидани таъсиси давлатдории навини мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо ин мақсад, Кумитаи инқилобии ҶМШСТ дар ҷаласаи худ аз 25-уми феврали соли 1925 қарор кард, ки бо омодагии зарурӣ, рӯз ва ҷашни эълони таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 15-уми марти соли 1925 муайян гардад. Ҳуҷҷатҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки роҳбарияти Тоҷикистон 15-уми мартро маҳз ба хотири ба рӯзи ҷашни Сари сол, яъне Наврӯз рост омадани он интихоб намудаанд.
Аз ҷумла, дар фармони иҷроие, ки Кумитаи инқилобии Тоҷикистон аз 10-уми марти соли 1925 ба ин муносибат ба ҳамаи вилоятҳои кишвар фиристодааст, маҳз чунин таъкид шудааст, ки «ЗАРУР ДОНИСТА МЕШАВАД, КИ РӮЗИ ЭЪЛОНИ ҶУМҲУРӢ БО РӮЗИ ҶАШНИ САРИ СОЛ МУТОБИҚ КАРДА ШАВАД. БО НАЗАРДОШТИ ИН, РӮЗИ 15-УМИ МАРТ ДАР ҲАМА ҶО ҶАШНВОРАҲО БАРПОЙ НАМОЕД, ТО ИН РӮЗ БАРОИ ТАМОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РӮЗИ ҶАШНУ ШОДМОНӢ БОШАД».
Албатта, дар солҳои баъдӣ низоми Шӯравӣ ҷашнгирии давлатии Наврӯзро манъ ва маҳдуд намуд. Аммо ин санади таърихӣ барои мо ду нуктаи муҳимро рӯшан месозад:
1. Эълони расмии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар рӯзи иди Наврӯз баргузор шудааст ва ин кишвар аз оғоз бо Наврӯз чунин пайванд дорад.
2. Роҳбарияти Тоҷикистони навин бо роҳбарии Нусратулло Махсум дар ҳамон замон чунин рӯҳияи баланди миллӣ доштаанд, ки рӯзи эълони расмии ҷумҳуриро огоҳона маҳз дар рӯзи ҷашни Наврӯз интихоб намудаанд.
Дар зер тарҷумаи пурраи матни Фармони зикршудаи Кумитаи инқилобии ҶМШТ аз 10-уми марти соли 1925 ва нусха аз ҳуҷҷати аслии он, ки хушбахтона, 100 сол ҳифз шудаву акнун ба даст омадааст, гузошта мешавад. Бовар дорам, ки он ҳам барои илму таърих ва ҳам барои ватандорию ватаншиносии мо санади бисёр арзишманд хоҳад буд.

«Ба кумитаҳои иҷроияи вилоятҳои Ғарм, Помир, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Уротеппа ва Панҷакент
Кумтаи Инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мақсади эълони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз 25-уми феврал қарор кард, ки РӮЗИ ҶАШНИ ЭЪЛОНИ ҶУМҲУРӢ ПОНЗДАҲУМИ МАРТ ТАЪЙИН ГАРДАД.
Бо назардошти он, ки тибқи анъанаи миллӣ мардуми таҳҷойӣ ҳар сол дар ин рӯз бо баргузории ҷашни Сари Сол — Соил (Наврӯз,- А. Р.), фарорасии баҳор ва оғози кишту корро истиқбол менамоянд, ЗАРУР ДОНИСТА МЕШАВАД, КИ РӮЗИ ЭЪЛОНИ ҶУМҲУРӢ БО РӮЗИ ҶАШНИ СОИЛ МУТОБИҚ КАРДА ШАВАД. Бо назардошти ин, рӯзи 15-уми март дар ҳама ҷо ҷашнвораҳо барпой намоед, то ин рӯз барои тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷашну шодмонӣ бошад.
Барои баргузории ҷашнҳои зикршуда фавран комиссияҳо таъсис диҳед. Плакатҳои эъломияи ҳукуматӣ (дар бораи эълони таъсиси ҷумҳурӣ) ба таври иловагӣ дастрас карда мешаванд. Барои паҳнсозии васеъ ва ба оммаи деҳқонон расидани эъломияи ҳукуматӣ чораҳои зарурӣ андешед.
Дар бораи корҳои анҷомшуда маълумот пешниҳод кунед.
Муовини Раиси Кумитаи Инқилобӣ (Дадабоев)
10-уми марти соли 1925,
шаҳри Душамбе
Абдуллоҳи РАҲНАМО,
сиёсатшинос
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ