Як ҷавони панҷшерӣ 15 нафар ҷангиёни толибро ба ҳалокат расонд
Як ҷавони панҷшерӣ ба гуруҳе аз ҷангиёни толиб ҳамла бурда, 15 нафари онҳоро ба ҳалокат расонд
Ин ҷавон аз қавмҳои маршал Қасим Фаҳим, собиқ вазири дифоъ ва аввалин маршали Афғонистон гуфта мешавад, аммо писари ӯ – Адиб Фаҳим ин ҳодисаро ғайримустақим маҳкум кард.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Панҷшер дар тафсили ин ҳодиса гуфт, як ҷавони тақрибан 17 – солаи сокини Умарз, деҳае дар Панҷшер, зодгоҳи маршал Қасим Фаҳим, дар сари роҳи қиршудаи дара ба гуруҳе аз ҷангиёни толиб як ҳамлаи ногаҳонӣ карда, тақрибан 15 нафари онҳоро ба ҳалокат расондааст.
“Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ин ҷавон бо нидои “Аллоҳу акбар” онҳоро ғофилгир намуда, бо автомати “Калашников” ба онҳо оташ кушода ба куҳҳо фирор кард. Пас аз ин ҳодиса гуруҳе аз “Толибон” ба ин деҳа омада, 8 тан аз ҳамдеҳагони ӯро, ки аз хешовандони маршал Фаҳим буданд, ба шаҳодат расонд”, — гуфт ин манбаъ.
Ин ҳодиса замоне сурат гирифтааст, ки “Толибон*” дар соҳоти Бодкӯл ва Шобаи ин минтақа бо нерӯҳои муқовимат даргир буданд ва ҷанги шадиде дар ҷараён буд.
“Толибон* мутаваҷҷеҳ нашуданд, ки аз қафо мавриди ҳамла қарор мегиранд. 8 ҷасади онҳо ба масҷиди Париён интиқол ёфт, бақияро куҷо бурданд, маълум нест. Ба гуфти бархе аз мардуми маҳал, ин афрод покистонӣ буда, ба Кобул интиқол ёфтаанд”, — гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Адиб Фаҳим, писари маршал Фаҳим, ки ҳоло ба “Толибон*” пайваста ва дар Кобул зиндагӣ мекунад, бо паёме ин ҳодисаро маҳкум карда, гуфтааст, дар ду рӯзи гузашта дар Панҷшер теъдоди бешуморе аз афроди мулкӣ ба шаҳодат расиданд.
Адиб Фаҳим, вориси асосии хонаводаи Қасим Фаҳим, собиқ вазири дифоъи Афғонистон, аст, ки пас аз суқути Кобул дар шаҳр монд ва бо “Толибон” тамоси мустақим ба роҳ монд.
Ӯ аввалин маршали Афғонистон аст, ки ин мақомро ба шарофати пирӯзии муқовимати аввал сарфароз гашта буд..
Вай пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд дар 9 сентябри соли 2001 раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба зимма гирифт ва бо кӯмаки нерӯҳои хориҷӣ “Толибон” – ро шикаст дода буд.
Дар ҳукумати интиқолие, ки соли 2001 дар Бон таъсис ёфт, ӯ вазири дифоъ таъйин шуд. Як замон муовини аввали раисҷумҳур Ҳомид Карзай (2009 – 2014) низ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ