Як ҳафтаи тақдирсоз: Кӣ дар озмун ғолиб меояд?
Шабнаму Зулайхо ҷанг мешаванд, Манижаю Нозия меранҷанд, дили Ҷонибеку Садриддин аз мухлисонашон мемонад?
Инак, то ҷамъбасти давраи аввали озмуни “Ягона аз даҳгона” ҳамагӣ як ҳафтаи дигар монд. Мухлисони Зулайхо иддао доранд, ки тамоми қувваташонро сарфи овоздиҳӣ намуда сарояндаи дӯстдоштаашонро дастболо месозанд, вале ҳаводорони Шабнами Сурайё аз мухлисони Зулайхо онҳо паст омаданӣ нестанд. Онҳо иддао доранд, ки ҷойи аввал бояд насиби Шабнам гардад, зеро Шабнамро дар ҷаҳон мешиносанд. Мухлисони Шаҳриёр Давлатов аллакай ба ҷонибдории ҳунарманди писандидаашон 520 овоз додаанд ва боварӣ доранд, ки пешсафиро аз даст нахоҳанд дод, вале ҳаводорони Шаҳзоди Даврон ҳанӯз ҳам аз хоби ғафлат бедор нашудаанд. “Барои Шаҳзод ҷон фидо мекунем!” гуфтани мухлисони Шаҳзодро мо борҳо шунидаем, вале ин озмун нишон дод, ки муҳаббаташон ба ин ҷавони ҳунарманд хасакӣ будааст. Садриддини Наҷмиддин, ки ҷаҳониён ҳунарашро эътироф мекунанд, дар ин озмун ҳамагӣ 237 овоз гирифтааст. Магар ин шармандагӣ нест? Ошиқони садои дилнишини Манижаи Давлат дар ҳама ҷо бо забони дароз мегӯянд, ки то рӯзе зинда ҳастем, Манижаро дастгирӣ мекунем, вале ба ҷонибдории ин зебосанами ширинсадо дар озмуни “Ягона аз даҳгона” то имрӯз ҳамагӣ 288 овоз ворид гаштаасту халос. Барои тағйир додани ҳисоб онҳо ҳамагӣ як ҳафта фурсат доранд, вале дар сурати вақтро пурсамар истифода бурдани мухлисонаш Манижа метавонад дар озмун ғолиб ояд.
Ҷонибеки Муродро тамоми мардуми Аврупову Осиё дӯст медоранд, аммо аз чӣ бошад, ки ин ҳунарманди маъруф то имрӯз ҳамагӣ 170 овоз гирифтааст. Кӣ медонад, шояд мухлисони Ҷонибек низ ҳафтаи охир фаъол шуда, бо як ҳуҷум ғалаба мекунанд?
Маликаи саҳнаи тоҷик Нозияи Кароматулло бо дидани 175 овози мухлисонаш албатта меранҷад, вале мо умед дорем, ки ҳаводорони ин зебосанами фариштарӯй дар лаҳзаҳои охирин фаъол шуда, шабу рӯз аз сомонаи Тajikistantimes.tj берун намешаванд ва ба ҷонибдории Нозиябону ҳазор-ҳазор овоз дода, ба ҳунарманди дӯстдоштаашон “СЮРПРИЗ” мекунанд.
Айни замон Наимҷони Сайдалӣ дар озмун пешсаф аст, вале кӣ аз байни ин даҳгона ғолиби ягона мешавад, инро танҳо вақт ва овоздиҳии мухлисон муайян хоҳад кард. Ба ҷамъбасти озмун ҳамагӣ як ҳафтаи дигар монд. Як ҳафтаи тақдирсоз! Агар воқеан мухлис ҳастед, ҳарчи зудтар ба сомонаи Тajikistantimes.tj ворид гашта, ба ҷонибдории ҳунармандони дӯстдоштаатон овоз диҳед ва барои ғалаба карданашон кӯмак расонед!
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ