Як қатор тағйиротҳои кадрӣ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарии ҳайатҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилоти байналмиллалӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насреддинов Исматулло Ҳикматуллоевич муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфаи Федератсияи Россия, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва муовини Сардори Департаменти Кумитаи иҷроияи ИДМ (дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус) аз ҳисоби мутахассисони ҷавони соҳибтаҷриба ва донандагони зиёда аз ду забони хориҷӣ таъин гардиданд.
Зимни сӯҳбати ошкорову самимӣ Пешвои миллат ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули соҳаи дипломатия таъин гардида барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки зимни адои хизмати давлатӣ манфиати давлату миллатро аз ҳар манфиати дигар боло гузошта, барои рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва равобити дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари иқомат тамоми донишу таҷриба ва маҳорати кордонии худро истифода намуда, садоқати худро ба Ватан дар амал исбот намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ