Як ғазал аз Масъуди Сипанд

Хуш он ки арзиши ашъори ноб медонад,

Ва қадри мардуми аҳли китоб медонад.

Ба пеши пойи ҳарифон чароғ мегирад,

Гиреҳ зи кор гушудан савоб медонад.

Зи сӯзи синаи оташдилон хабар дорад,

Чунон ки ҷӯшиши гулро гулоб медонад.

Фиреби аҳли риёро намехӯрад ҳаргиз,

Биҳишту дўзаху барзах сароб медонад.

Ба басту бози ҷаҳон дил намедиҳад чун мавҷ,

Ки бебаҳоии олам ҳубоб медонад.

Дар осмони муҳаббат баландпарвоз аст,

Кабӯтарест, ки кори уқоб медонад.

Ба кӯйи дӯст сафар мекунам, Сипандосо,

Чу заррае, ки раҳи офтоб медонад.

Ба меҳрубонии озодагон сарафрозам,

Хушам, ки давлати Олиҷаноб медонад.

Амрико, 8 апрели соли 2017

یک غزل از مسعود سپند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *