Як чашм ашк, як чашм ханда

Яке дил аз Ватан кандаву дигаре дар ёди Ватан аст

— Салом, Маҳмадшариф. Шинохтед?

Овози шинос. Кӣ буд, кӣ буд… Ғарқи андеша шудам.

— Ман Марат.

— Кадом Марат?

— Писари Умриқул Ҳақбердиев.

Дар як лаҳза мурғи хаёл ба дуриҳои дур парвоз кард: Афғонистон, рӯзномаи “Садои мардум”, Шӯрои олӣ… Лаҳзаҳои ба ҳам печидаи сахту гуворо. 40 сол боз ин овоз ба гӯшам садо надода буд.

— Кай омадӣ?

— Як ҳафта шуд. Мехоҳам шуморо бубинам.

— Биё хона.

— Шумо биёед. Тӯҳфаи ҳайратовар дорам.

— Дар куҷоӣ?

— Хонаи падарӣ.

— Ҳамон чорошёна?

— Бале.

— Ҳанӯз вайрон нашудааст?

— Агар вайрон мекарданд, ман дар ин ҷо намебудам. 

Аз миён як моҳ сипарӣ шуд. Боз ҳамин овоз.

— Кай меоед? Ман бояд ба Мюнхен баргардам.

Дар хиҷолат шудам.

— Меоям. Ҳамон маҳаллаи “Моҳи нав”?

— Бале, ҳамон хонае, ки 40 сол қабл меҳмон шуда будед.

Ин субҳ ҳама корро ба гӯшае гузоштаму роҳи хонаи акои Умриқулро пеш гирифтам. Қаблан ба Марат занг задам. Ӯ дар хона буд.

Вориди манзил гаштам. Ҷиҳози хона ҳамоне буд, ки  40 сол пеш дида будам. Аз айвонча садои мусиқӣ меомад. Аҷабо, мусиқии шинос, дилхарош. Дар меҳмонхона ду курсии фарсудаи дастакҳояшон чӯбин меистоданд. Рӯи мизи аз замони Шӯравӣ боқимонда акси падар ва бачагии Марат буданд. Садои мусиқӣ аз магнитофоне берун меомад, ки падараш ҳанӯз соли 1963 аз Афғонистон барояш тӯҳфа оварда буданд.

Назди магнитофон омадам.

— Шинохтед?

— Овози шинос.

— Ношинос, -гуфт Марат ва идома дод. -Ёд доред баҳсамонро сари Аҳмад Зоҳир ва устод Ношинос?

— Бале, ба хотирам омад. Ҳар ду нотакрор, аз ҳанҷараи худ месароянд.

Марат бароям дискеро дароз кард.   

— Аз кассета кӯчондам. Солҳост мехостам бароятон туҳфа кунам. Ин туҳфаи ҳайратовари ман!

— Чӣ дорад?

— Хонаатон, ки рафтед, мекушоед!

Аммо ман бетоқат будам, мехостам ҳар чи зудтар донам, ки дар он чист.

Диски сарбаста навиштаҷоте надошт. Хайр, гуфтам, хона, ки баргаштам мефаҳмам, ки ин туҳфаи ҳайратовар чист.

Сари як пиёла чой  суҳбати мо қӯр гирифт.

— Чӣ чиз туро ба Тоҷикистон мекашад?

— Зиёрати қабри падар, боз дарди Ватан.

— Чист ин дард? Бисёриҳо аз Тоҷикистон мераванд, ту мехоҳӣ ин ҷо бошӣ?

— Вақте ёди Ватан мекунам хоб аз сарам мепарад. Ёди замони кӯдакӣ, паҳлуи падар, дӯстону пайвандон, ҳамсояҳо, табиати диёр – ин ҳама  бароям Ватан аст. Олмон ҳам табиати зебо дорад. Аммо,  дилам барои Олмон намесӯзад. Дилам барои Тоҷикистон месӯзад. Тоҷикистон Ватани ман аст.  Баъзеҳо мегӯянд, ки Олмон ватани дуюми шумо   шудааст. Не, ҳаргиз! Ҷои зодгоҳ дигар аст. Ватан яктост. Онро яке дорад, дигаре надорад. Аз тоҷикони худамон дар Олмон мепурсам, ки ба Ватан рафтед? Дар посух яке кифт дар ҳам мекашаду  дигаре мегӯяд, ки сад бор дидаам. Ман Ватанамро сад бор дидаам, вале ҳазор бор, аз ин бештар дидан мехоҳам. То лаҳзаҳои охири умр дидан мехоҳам.

— Чанд сол аст, ки дар Олмон ҳастӣ?

— 30 сол.

— Аҷиб, чӣ водор сохт, ки ба Олмон равӣ?

— Беморӣ. Хонаамон дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаи Политехникуми Душанбе буд. Дарди ҷонкоҳи гурда доштам. Шоме падарам мошини  ёрии таъҷилӣ даъват карданд. Духтур доруи карахт кард ва маро фавран ба беморхонаи “Қарияи  Боло” овард. Аз зӯри дард ниммадҳуш будам, вале садои духтур ба гӯшам мерасид, ки ба падарам мегуфт: “- Писарат вазнин, дар хориҷа хешу табор дорӣ? Фавран табобат бар. Ду се моҳ умр дорад ё не”.

Ин  ҳодиса 2-юми августи соли 1993 буд.

Падару ҳамсарам бо қатора маро ба шаҳри Москва бурданд. Аз он ҷо чипта гирифта, 9 август ба Берлин равон карданд. Ҳамин ҷо табобат гирифта, зинда мондам.

— Он вақт дубора ба Ватан барнагаштӣ?

— Баргаштам. Ҳарчанд ҳамсарам Диана пешниҳод кард, ки бимонем. Хонаю дар, ҳама чиз буд. Падару модараш дар Берлин зиндагӣ мекарданд. Аммо ман қабул накардам. Бо Диана ба Душанбе баргаштем. Диана дар мактаб дарс медод. Забони  русиаш шикаста. Он солҳо вазнин буд, махсусан, барои занҳо. Мехостанд сарнавишти талхи имрӯзи мардуми Афғонистонро ба сарамон бор кунанд. Шукр, ки тирашон хок хӯрд.  

— Чӣ гуна дар Олмон мондӣ?

— Ҳамон сол барои гирифтани табобати дуюм бояд ба Берлин мерафтам. Падарам гуфтанд, ки ваъда деҳ, ки дигар барнамегардӣ. Нисбат ба падарам беҳурматӣ кардам, -гапашонро рад кардам. Гуфтам, ки бармегардам, шуморо танҳо намегузорам. Одами доно буданд, гапро тарзи дигар тоб доданд. “Ваъда деҳ, ки то замоне ки ман даъват намекунам, барнамегардӣ”. Пурсидам, ки даъват мекунед? Ваъда доданд. Падарам ростқавл буданд, суханашонро ба замин намегузоштанд. Мо бо Диана ба Олмон рафтем. Ҳарчанд зодгоҳи Диана Берлин буд, мо Мюнхенро макони зист интихоб кардем. Диана мудири як кӯдакистони бузург аст.

— Чӣ гуна бо Диана шинос шудӣ?

— Дар Душанбе, дар комсомол кор мекардам. Соли 1989 пешниҳод шуд, ки барои таҳсил ба Донишгоҳи комсомоли шаҳри Маскав равам. Рафтам, дохил шудам. Дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам. Ҳар се утоқ як даҳлез  дошт. Сигоркаш будам. Барои дуд кардан дам ба дам даҳлез мебаромадам. Боре аз утоқе духтараке берун омада ва таъкид кард, ки бе хокистардон сигор накашам ва кӯракро ба партовгоҳ партоям. Ҳар бори сигоркашиам вай сар аз дар берун мехалонд ва ин суханашро такрор мекард. Ин Диана буд. Аз ҳамон ҷо шиносоиям бо ӯ сар шуд. Ӯ аз Ҷумҳурии демократии Олмон буд, аз комсомол соли 1989 барои таҳсил ба Маскав фиристода буданд.

— Падар барои ба Ватан баргаштан туро даъват накарданд?

— Ният доштанд. Вале тасодуфе нақшаҳои он кас ва умедҳои маро барбод дод. Падарам дар Шӯрои Олӣ сартарҷумон буданд. Вақте солашон ба нафақа расид, барои ба нафақа баромадан ариза навиштанд. Вале аризаашонро қабул накарданд. Гуфтаанд, ки вақте имзо мекунанд, ки ба ҷояшон одам тайёр кунанд.  Он солҳо кор куҷо, ҳама дар ғами ҷон буд. Як ҳамкор доштанд, Наботов. Ӯ мегӯяд, ки писаратон Марат одами тайёр.

Русӣ забони модариаш, тоҷикиаш олӣ, хати форсиро медонад, тарҷумонӣ ҳам кардааст. Падарам розӣ мешаванд. Ҳатто хоҳиш мекунанд, ки барои ман ба утоқи кории он кас як мизи корӣ дароранд, як ҷо шинем. Ман баъдтар ин мизро дидам, дар рӯ ба рӯи мизи кории падарам меистод. Аммо тасодуфе ин ҳамаро чун тӯфон аз миён бурд.

— Чӣ тасодуфе буд?

— Рӯзи ҷумъа, 11 июни соли 1999 буд. Тақрибан соати 12 телефон занг зад. Ҳамеша, ҳар ҷумъа мо қариб ним соат бо падарам телефонӣ гап мезадем. Он рӯз гуфтанд, ки автобуси хизматӣ интизор аст, баъдтар суҳбат мекунем. Хайрухуш кардем. Тахминан пас аз 3 соат ба падарам занг задам, гӯшакро намебардоштанд. Ба ҳамсояамон занг зада, хоҳиш кардам, ки бубинад дар хонаамон падарам ҳастанд ё не.  Касе нест гуфт. Бегоҳ дида будааст, либосҳояшонро иваз карда, куҷое рафтаанд. Дилам хавотир шуд. Хоб аз чашми сарам парид. Тахминан соати 5-и  вақти Олмон буд, ки телефон беист ба занг задан даромад. Намедонам чаро, маҷоли аз ҷой хестан накардам. Ҳамсарам телефонро назди кати хоб овард. Овози Набиҷон Каримовро шунидам. Ӯ бо падарам рафту омад дошт.“ -Марат, падарат мурданд, мошин зад! Кай омада метавонӣ?”.  Бо шунидани ин хабар осмон ба сарам чаппа шуд, Гап задан натавонистам. Диана гӯширо аз дастам гирифт, паҳлуям нишаста маро таскин медод. Дар як дам дунёи рӯшан бароям торик шуд. “Падарам нест, падарам дигар нест!”, — оҳ мекашидам. Диана ба забони олмонӣ чизе мегуфт, мехост маро ором кунад. Аммо ба ҷуз симои падар ва калимаи падар ба чизе намеғунҷид.

Он чӣ аз осмон ояд замин мебардорад. Намедонам чанд вақт дар ин ҳолат будам. Баъди ба худ омадан, ба модарам занг задам. Ӯ бо хоҳарам дар Уляновск, ватани аҷдодиаш зиндагӣ дошт. Тасмим гирифтем, ки бо ҳам дар аэропорти Маскав во мехӯрем. Аз “Демодедово” ба Душанбе парвоз кардем. Дар Душанбе ҳанӯз дохили тайёра будем, ки стюардесса ному насаби маро гирифта эълон кард, ки аз ҳавопаймо нафароям. Хавотир шудам. Яқин кардам кори кушандаҳои падарам аст, ё силоҳбадастон қасди ғорати маро доранд. Барои маросими дафни падарам аз Олмон андак маблағе бо худ оварда будам. Онҳоро ба модарам додам. Ҳама фаромаданд. Ду нафар силоҳбадаст вориди тайёра шуданд ва маро даъват ба фаромадан намуданд. Дар дилам ҳазор хаёл буд. Дар назди тайёра ду мошини “Волга” бо панҷ силоҳбадаст  ва як зан меистоданд. Зан пас аз салому алейк ва баёни ҳамдардӣ ба силоҳбадастон дастур дод, ки маро ба хонаамон расонанд.  Баъдтар фаҳмидам, ки ин зан ҳамкори падарам Нина Зарифова будаанд. Он кас ба майдони ҳавоӣ баромадаанд, ки мавриди озори силоҳбадастон қарор нагирам. Дар хона ҳама чиз парешон буд. Ҳамсояҳо гирд омаданд, мегиристанд.  “Дар забони падарат ҳамеша номи Марат буд” — мегуфтанд. 

— Зери чархи мошин мондани падарат тасодуфӣ буд?

— Тафсилоти маргашонро баъдтар фаҳмидам. Дар назди хонаҳои арманисохт нуқтаи алоқаи якошёна буд. Падарам барои гирифтани квитансия гуфтугӯи телефонии байналхалқӣ он ҷо мераванд. Он вақт телефони ҳамроҳ (мобилӣ) набуд. Барои бо шаҳрҳои дигар гап задан квитанисия мегирифтанд. Ҳангоми аз роҳ гузаштан мошини “Жигули” падарамро мезанад. Тасодуф буд ё дониста ҳанӯз бароям рӯшан нест. Шоҳидон мегӯянд, ки баъд аз тасодум мошин истод, ақиб омад ва як нафар шишаи мошинро пойин карда, ба ҷисми падарам нигарист ва “Жигули” босуръат аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. Раҳгузари дигаре, баъдтар донистам, ки духтур будааст, падарамро ба мошинаш савор карда бемористони “Караболо” мебарад. Духтурон аз кисааш шаҳодатномаи хизматчии давлатиро  меёбанд. Духтури шӯъбаи эҳё мепурсад:

— Шумо кӣ ҳастед?

— Ман Ҳақбердиев Умриқул, мегӯянд.

— Соли таваллудатонро медонед?

— Медонам,  1934.

— Оиладоред?

— Бале.  Фарзанд дорам  Марат,  дар Олмон, духтарам Лола дар Россия кору зиндагӣ доранд.

— Аз чӣ шикоят доред?

— Нафас, нафасам намерасад.

Баъди тақрибан 20 дақиқаи саволу ҷавоб бо табиб падарам ҷон медиҳанд.

— Ин кадом сол буд?

— 1999.

— Аз он баъд пайваста ба Душанбе меоӣ?

— Бале.

— Чаро хонаро нафурӯхтӣ?

— Ин хонаи падарам аст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ боре модарам ба падарам пешниҳод карда буд, ки хонаро фурӯшанду ба Русия раванд. Падарам рад карда, гуфтанд, ки: “хонаро фурӯшам, гӯё ватанамро мефурӯхта бошам”. Ин хона бӯи падарам, бӯи кӯдакиам мекунад. Бинобар ҳамин, дилам ҳамеша мекашад, ки Тоҷикистон биёям. Ман мисли паррандае ҳастам, ки ҳар куҷо, ки рафт, ба лонаи худ бармегардад, боғу лонаи дигарро қабул надорад.

Модарам ин пешниҳодро баъд аз марги падарам низ ба ман кард.  Барояш гуфтам, ки ҳар чи мехоҳӣ бигир — мошин, ҷиҳози хона… Аммо ба утоқи кор ва хонаи падарам кордор нашав. Ҳар кунҷи ин хона бӯи падарам мекунад. Мизи кор, рахти хобаш, ин галстукҳо — ҳама бӯи падар доранд. Вақте ба ин хона медароям рӯҳам, ҷонам роҳат мекунад. Ду моҳ аст инҷоям. Рӯзе чанд маротиба ҳамсарам, писарам  занг мезананд ва мепурсанд, ки “Кай меоӣ?” Ростӣ, поям намекашад.Мехоҳам ин ҷо бошам.

 Гоҳ-гоҳ ҷевонро мекушоям, либоси падарамро мебинам. Шиму костюмҳояшонро дуздидаанд.  Ду гарданбанд, 1 кулоҳ (шляпа), 1 тасма, майда чуйдаҳо боқӣ мондаанд. Дар рӯи миз дастхати  Конститутсияи Тоҷикистон , ки соли 1995 ё 1996 падарам таҳрир ва ба русӣ тарҷума карда буданд. Он ҳам ғайб зад. Баъдтар шодравон Набиҷон Каримов, (собиқ раиси “Ховар”) бароям нақл кард. ки дар бозори “Саховат” занеро мебинад, ки бо забони русӣ: “Кому нужна бумага? Дешева…”. гуфта ба носфурӯшҳо муроҷиат мекард.  Наздик рафта дидам, ки дастхати Конститутсияи Тоҷикистон. Дастхати падарамро мешиносад.  Он зан аз хешони мо буд. Набиҷон “Кори нағз накардед!”, — гуфта, ӯро сарзаниш мекунад.

— Шаҳр дигар мешавад. Шояд дар ҷои хонаи падариат бисёрошёна созанд?

Ӯ хомӯш шуд. Ҳис кардам, ки чашмонаш об мегиранд. Ба баҳонаи чой даҳлез баромад. Пас аз лаҳзае баргашт ва ба сухан омад:

—  То ин хона ҳаст, омада меравам. Хонаи пур аз хотироти падар, зиндагии бачагӣ. Ин ҷо нишастаам, гӯё пеши рӯям падарам. Ҳамин хел падару писар рӯ ба рӯ менишастему суҳбат мекардем. Шояд ҳазорҳо аз Тоҷикистон рафтагонро хонаи бобоӣ, падарӣ, хотироти овони ҷавонӣ ҳар сол ин ҷо меорад.

— Варзоб рафтӣ?

— На, дар ин 40 сол боре ҳам Варзобро надидам.

— Либосатро иваз кун, тамошои Варзоб мебарам.

— Наметавонам.

— Чаро?

— Аз боло ҳамсоя об рехтааст, таъмир дорам.

— Ягон усторо фармо.

— Ин хона мисли дастхати падарам аст. Намехоҳам, ки дастхати падарамро каси дигар бихонад. Чанд сол пеш ҳам аз хонаи ҳамсоя об рехта буд, тирезаро шикаста буданд. Хело нороҳат шудам. Диана гуфт, ки биё, даҳлез (подъезд) –ро пурра мехарем. Дигар нороҳат намекунанд. Розӣ нашудам. 

— Аз омадану рафтани ту ҳамсарат нороҳат нест?

— Ӯ ифтихор дорад, ки ман Ватанамро дӯст медорам. Ифтихор дорад, ки ман худамро ҳеҷ гоҳ олмонӣ намегӯям.  Ифтихор дорад, ки падарам, миллатам ва диёрамро фаромӯш намекунам ва ҳамеша дар ёди Тоҷикистон ҳастам. Ман то чанд сол қабл бо паспорти тоҷикӣ мегаштам. Бисёр давидам, ки онро нав кунам. Натавонистам. Зиқ будам. Як рӯз ҳамсарам Диана гуфт, ки чи мекунӣ, биё паспорти олмонӣ гир. Ноилоҷ розӣ шудам. Дар се рӯз паспорт доданд. Ин паспорт ифтихори ман нест. Ин паспорти ноилоҷист!

Бо Марат хайрухуш кардам ва берун омадам. Мехостам ҳар чи зудтар бифаҳмам, ки дар диски туҳфакардаи ӯ чӣ асроре ниҳон аст. Баробари расидан ба хона дискро ба компютер гузоштам. Садои ошно, гузориши  дилхарош ва нотакрори Азиз Осудатаҳмос  дар сӯги Аҳмад Зоҳир, ки 14 июни соли 1979 аз радиои Афғонистон пахш гашта буд.  Он рӯзи фоҷиабор бо дастури Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳафизуллоҳ Амин Аҳмад Зоҳирро ба қатл расонданд.

Рӯзи дафн зери мусиқӣ ва матни ин гузориш мардум ба хиёбонҳо рехтанд. Ман дар Кобул будам ва ин гузоришро сабт намудам. Мегӯянд, ки фардои он рӯз одамони Ҳафизуллоҳ Амин ба идораи радио даромада, сабти ин гузоришро нобуд сохтанд. Шояд нусха бароям тӯҳфакардаи Марат ягона буд, ки падараш маҳфуз дошта буданд.

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *