Ба озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон. Як дарза химчаро шикаста намешавад.

“Яке аз дастовардҳои бузурги Ҳукумати Шӯравӣ ин ҷорӣ намудани меҳнати дастаҷамъона дар хоҷагии қишлоқ буд”- гуфт як тан аз агрономҳои собиқадор Ҳотам Аюбӣ дар суҳбате бо муаллифи ин сатрҳо. Хостам ба ӯ эътироз намуда, аз бартариҳои сохти имруза ва камбудиҳои иқтисодиёти замони шуравӣ бигуям. Аммо ӯ ба эътирози ман эътиборе надода, баръакс далелҳое овард,ки касро ба андеша водор месозанд.

-Худатон фикр кунед, дар як совхози боғу токпарварии Марғедару Навобод, дар ноҳияи Панҷакент дар беҳосилтарин сол то 24 ҳазор тонна меваю ангур истеҳсол мешуд. Ҳоло чӣ?Дар заминҳое, ки ба деҳқон дода шуду бо ҳамин роҳ “деҳқонро соҳиби замин кардем” зиёдаш 4-5 ҳазор тонна маҳсулот ҳосил мешаваду халос. Магар ин хуб аст? Ё худ, дар хоҷагиҳои номбаркардаи ман қариб 3 -4 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор буданд. Ҳоло ҳама дар муҳоҷирату занҳо бо он қувваи заифонае ки доранд, дар саҳро кор мекунанд. На трактор ҳасту на нурии минераилие,ки тонна тонна ворид мешуд. Канӣ ҳамаи ин? Албатта соҳаи кишоварзии мо ислоҳот металабат, ислоҳоти сатҳӣ не, балки куллӣ…

Пас аз ин суҳбат ман хостам дурустии суханони ин корманди собиқадори соҳаи кишоварзиро пайгирӣ кунам. Воқеан ҳам канӣ он миллион тонна пахтаи навъи аълое,ки дар охири умри Шуравӣ Тоҷикистон истеҳсол мекард? Соли 2018 ҳамагӣ 300 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуд.Боқимонда 700 ҳазор тоннаи он,ки бояд истеҳсол мешуд куҷо гум шуд?Чаро деҳқоне,ки “соҳиби замин шуд” ба ҷои зиёд намудани истеҳсолот сол ба сол онро кам мекунад?Магар нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт? Бале,коҳиш ёфт, аммо ин ба масоҳати кишти он таъсир намерасонад. Зеро яке аз ашёҳои асосие,ки кишвари мо экспорт мекунад, ин пахта аст. Аммо ин ҷо чанд фактори дигаре ҳаст,ки ба кам шудани истеҳсолот дар ин соҳа бурду мерасонад. Аввалан, на дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ техникаи зарурӣ мавҷуд аст,ки сари вақт коркарди зироат анҷом дода шавад.

Дигар ин,ки нархи нуриҳои минериалӣ ва заҳрхимикатҳо хеле гаронанд ва на ҳар як хоҷагии деҳқонӣ метавонад онро харидорӣ кунад.Ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ дар натиҷаи эрозияи замин сол ба сол кам мешавад ва барои барқарор намудани он маблағи калон зарур аст, ки на ҳар хоҷагии хурд аз ӯҳдаи иҷрои он баромада метавонад. Ғайр аз ин, деҳқоне,ки қаблан пахта мекошт, ҳоло зироатеро меҷуяд,ки аз фурӯши он даромади зуд пайдо кунад. Дар натиҷа, ӯ ба ҷои пахтакорӣ тарбузкорию помидоршинонӣ машғул мешавад. “Ҳарчанд бо супориши раёсатҳои кишоварзӣ маҷбурем пахтакорӣ кунем, аммо медонем,ки аз ин кор даромади кам ва танҳо ғузапоя ҳосил мегирем.Барои ҳамин дасту диламон намеравад.

Хароҷоташ калону даромадаш кам…” мегуяд Абдусаттор Олимов , деҳқони пахтакор аз ноҳия Вахш. “ Барои он ,ки дар Тоҷикистон соҳаи пахтакорӣ мисли пешина рушд кунад, бояд на танҳо ба фурӯш баровардани он, балки истеҳсолаш низ ба монополияи давлатӣ табдил ёбад” мегуяд як тан аз коршонисони ин соҳа. Ба гуфти ӯ, барои ин хоҷагиҳои калони истеҳсолӣ заруранд, на хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ,ки зӯрашон ба харидани доруҳои минериалӣ ва техникаи зарурӣ намерасад. Ин дар бораи соҳаи пахтакорӣ. Дар дигар самтҳои хоҷагии қишлоқ мушкилот аз ин камтар нест ва аксари ин мушкилиҳо вобаста ба хурд будани хоҷагиҳои деҳқонист. Таҷриба нишон медиҳад,ки танҳо хоҷагии калон,ки соҳиби чандин гектар замин бошаду кормандони зиёд дошта бошад, метавонад мушкилиҳоро паси сар намуда, ба пешравии хоҷагии қишлоқ сабаб гардад. Ин ҷо касе колхозу совхозҳоро,ки омили асосии пешравӣ дар замони гузашта буд, барқарор карданӣ нест, вале бояд хоҷагиҳои хурд дар ягон сохтори нав муттаҳид бошанд,ки тавонанд аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои худ баромада, дар ҳама ҳолат ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд… “Таҷриба исбот намуд, ки аз ин тарзи хоҷагиҳо (хоҷагиҳои хурд А.А.) хоҷагидорон ва давлат манфиати дахлдорро намебинанд. Вале ин таҷдид набояд аз роҳи зўрӣ ва маҷбурӣ сурат гирад. Роҳҳои қонунии ҳавасмандгардонии муттаҳидшавии хоҷагиҳо вуҷуд доранд” гуфт дар як сӯҳбаташ Раиси Ҳизби агарарии Тоҷикистон Рустам Латифзода. Шояд вақти он расидааст, ки сари ин мавзӯъ абармардони кишвар андеша ронанд…

…Аксарият ҳикояи классикие, ки дар он падар ба фарзандон дастаи химчаро дода, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки онро шикананд ва писарон наметавонанд як банд химчаро шикананд, дар ёд доранд. Аммо онҳо дар танҳоӣ ҳар як химчаро ба осонӣ мешикананд. Падари оқил мегуяд, ки “дидед, ҳар кадоми шуморо низ дар танҳоӣ осон шикастан мукин аст , аммо агар муттаҳид бошед, ҳаргиз…” Ба андешаи мо, вазъи хоҷагии қишлоқи мо ҳоло ба ҳамин химчаҳои танҳо шабеҳ аст, ки онро зуд шикастан мумкин аст. Пас, бояд коре кард, ки ин дастаи химча ҳар кадоме дар танҳоӣ нашикананду якҷоя барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмуъ, барои рушди Ватан хизмат кунанд.

А, АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *