Як деҳа ва се муассисаи таълимӣ ба номи чор сарбоз гузошта шуд
Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдуруаҳмони Ҷомӣ ба хотири гиромидошти номи неки афсарону сарбозоне, ки дар даргириҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон шаҳид шудаанд, се муассисаи таълимӣ ва як деҳаро номгузорӣ карданд.
Муассисаи таълимии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови деҳаи Арал ба номи Сунатулло Маҳмадов гузошта шудааст. Сунатулло дар деҳаи Арал таваллуд шуда, муассисаи таълимии болозикрро хатм кардааст. Мутаассифона, ӯ ҳанӯз 10-уми марти соли равон, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз ҷониби марзбонони қирғиз кушта шуд.
Муассисаи таълимии рақами 55 бошад, ба номи Шуҳратҷон Тағоймуродзода номгузорӣ шудааст. Ӯ низ дар муноқишаҳои марзӣ аз сӯйи сарҳадбонони қирғиз ба ҳалокат расид.
Деҳаи ҳамакнун Правдаи собиқ ба номи Муҳаммадҷон Пиров гузошта шудааст. Марҳум дар ҳимояи марзу буми кишвар мардонавор ба шаҳодат расидааст.
Муассисаи таълимии рақами 5 бошад, ба номи Абдураҳим Нурзода — аскари шаҳидшудаи тоҷик гузошта шудааст. Ӯ дар даргириҳои ахири марзӣ аз ҷониби сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳалокат расонида шуд. Абдураҳим Нурзода хатмкардаи муассисаи таълимии рақами 5-и деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки номгузорӣ шудани деҳа ва муассисаҳои таълимӣ ба номи сарбозони шаҳидшудаи тоҷик ба хотири зинда нигоҳ доштани номи онҳост.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ