Як гуруҳи украинӣ ба патрули сайёри Гвардияи миллӣ ҳамла карда, оташ кушоданд
Песков ҳадафи амалиёти вижа дар Украинаро унвон кард.
Сухангӯи президент Дмитрий Песков гуфт, ҳадаф аз амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина тақсими ин кишвар нест, балки таъмини амнияти худаш аст.
Песков дар мусоҳиба бо телевизиони Sky News Arabia гуфт: «Мо мехоҳем ба ҳадафҳои худ бирасем, ки аввалинаш демилитаризатсияи Украина аст. Мо мехоҳем кафолати конститутсионӣ дар бораи мақоми бетарафии Украина дошта бошем».
Вай афзуд, Русия дар пайи тақсими Украина нест. Тавре Песков қайд кард, Маскав даври сеюми музокирот бо ҷониби Украинаро интизор аст ва умедвор аст, ки Киев ба нигарониҳо гӯш хоҳад дод, ки барои қатъи амалиёти низомӣ зарур аст.
Рӯзи 3-юми март дар Беловежская Пушчаи қаламрави Белорус даври дувуми музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина баргузор шуд. Ҷонибҳо дар бораи долонҳои башардӯстона барои эвакуатсияи шаҳрвандон, интиқоли маводи ғизоӣ ва дорувор ба тавофуқ расиданд.
Кремл созишномаҳоро оид ба масъалаҳои башардӯстона хеле муҳим номид. Намоянда дар бораи сӯхторе, ки дар территорияи стансияи электрикии атомии Запорожье ба амал омад, сухан ронда, гуфт, ки ин оқибати «иғвогарии фашистон» мебошад. Ӯ тасдиқ кард, ки дараҷаи радиатсия дар станстия муътадил аст.
Қаблан Вазорати дифоъ изҳор дошт, ки шаби ҷумъа дар қаламрави ҳамшафати нерӯгоҳи барқи атомии Запорожье «режими Киев кӯшиши амалӣ кардани як иғвои даҳшатбор кардааст». Ба патрули сайёри Гвардияи миллӣ як гуруҳи диверсияи украинӣ ҳамла карда, аз бинои як маҷмааи таълимии воқеъ дар назди нерӯгоҳи барқӣ оташ кушодаанд.
Нуқтаҳои тирпарронии диверсантҳои украинӣ бо оташи ҷавобӣ аз силоҳҳои тирандозӣ пахш карда шудаанд. Вазорати дифоъ хабар дод, ки диверсантҳои украинӣ биноро тарк карда, онро оташ задаанд.
Владимир Путин рӯзи 21-уми феврал дар посух ба дархостҳои ҷумҳуриҳои Донбасс ва пас аз муроҷиати вакилони Думаи давлатӣ фармонҳо дар бораи эътирофи соҳибихтиёрии ЛХР ва ДХР-ро имзо кард.
Субҳи барвақти 24-уми феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард. Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, неруҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва неруҳои Украина зарба мезананд. Ҳамла дар чанд самт идома дорад, Киев аз ғарб баста шудааст. Харитаи муфассали минтақаҳои Украина, ки артиши Русия дар онҳо амал мекунад, то ҳол расман нашр нашудааст. Қувваҳои кайҳонӣ бартарии ҳавоӣ дар тамоми Украинаро ба даст овардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ