Союзбек Солиев, халабони қирғизистонӣ ният дорад кураи заминро бо ҳавопаймои якмуҳаррикӣ давоми 50 рӯз бигардад.

Ба гуфтаи вай, ҳамроҳ бо ҳамкасби литвониаш Йонс Жуккус 10 июл аз фурудгоҳи Токмак парвоз хоҳанд кард. Онҳо ният доранд кураи заминро дар 50 рӯз бигарданд ва 30 август дар Бишкек фуруд оянд.

Лоиҳа «Қирғизи кӯчманчӣ» ном дорад ва ба 25-солагии Қирғизистон бахшида шудааст. Халабонҳо ният доранд, дар маҷмуъ 47,6 ҳазор километр парвоз кунанд ва аз 26 кишвар, уқёнусу қитъаҳо бигзаранд.

Дар ин сафар онҳо ҳамроҳи худ парчами Қирғизистонро хоҳанд гирифт.

Comments

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *