Як маст масти дигарро бо табар зада кушт
Бо табари хоҷагӣ 8-маротиба ба сари ҷабрдида зада, сарашро аз тан ҷудо кард.
Тавре ВКД хабар додааст, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 24-уми марти 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нурафшони шаҳри Исфара, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҷангу ҷанҷол карда, бо табари хоҷагӣ 8-маротиба ба сари охирон зада, сарашро аз тан ҷудо кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ