Як миллион кӯдак бо марг даст ба гиребону 23 миллион аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд
Ин фоҷиа фоҷиаи башарист! Ва ҳарчӣ зудтар бояд садди роҳи он боздошт шавад. Вагарна он хуруҷ карда, бадбахтиҳои дигареро тавлид мекунад.
Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард, 23 миллион нафар дар Афғонистон бо хатари гуруснагӣ ва фақри шадид мувоҷеҳ ҳастанд
Бабар Балох, сухангӯи СММ дар умури эълом кардааст, ки хонаводаҳои бесарпаноҳ дар Афғонистон ба либоси гарм, маводи сӯзишворӣ барои гарм нигоҳдоштан, маводи ғизоӣ ва дорӯ ниёз доранд, иттиоъ додааст хабаргузори Ово.
“Буҳрони башарӣ рӯз аз рӯз дар Афғонистон зиёд мешавад ва гуруснагӣ дар ин кишвар ба басо боло рафтааст”, — афзуд вай.
Балох, инчунин аз осибпазирии кудакони афғонистонӣ ҳамзамон бо афзоиши мушкилоти ин киншвар ҳушдор дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ як миллион кудак дар Афғонистон бо марг мушту гиребонанд.
Чанде пеш бахши Созмони табибони бедуни марз дар Ҳирот дар ғарби Афғонистон эълом кард, ҷанг ва даргирии чанд сола дар ин кишвар сабаби он шуд, ки аксари афғонистониҳо ба камбуди тағзия дучор шаванд,- иттило додааст манбаи Sputnik.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории “Парстудей” ахиран дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон эълон кардааст, ки Амрико масъӯли авзоъи нобасомони кунунӣ дар Афғонистон аст.
Саидаббоси Ироқчӣ дар дидори Мот Кенудсен, муовини намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллал дар умӯри Афғонистон тасреҳ кард, ки ҳузури Амрико дар минтақаи ғарби Осиё ошуфтагиву нобасомонӣ барои мардуми минтақаро ба дунбол доштааст.
Бино ба гуфтаи вай, пайгирии рӯйкарди минтақаӣ барои ҳаллу фасли масоили Афғонистон, ташкили давлати фарогир дар Кобул, тазмини амният дар ин кишвар ва ҳамчунин амнияти марзӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон донист.
Дар ҳамин ҳол, Мот Кенудсен тавваҷуҳи ҷиддии ҷомеъаи байналмиллалӣ ба мушкилоти асосии мардуми Афғонистон ба вижа бо тавваҷуҳ ба наздикии фасли зимистонро хостор шуд.
Тайи ду даҳсола дар марзи Афғонистон бо ҳазорон макру ҳила Амрико тухми бадбахтиро кишт намуд. Ва ин ҳолат ҳамон байти машҳуреро ёдрас мекунанд, ки: “ Пойи номубораки Маҳмуд, Гар ба дарё расад барорад дуд.”
Ва Амрико дорад аз он бадбахтие, ки имрӯз сари ин мардум бор кард худро канора гирифта аз он “иқдоми некаш” сарфарозӣ дорад. Созмонҳои байналмилалӣ низ бо додани пораноне ба ин мардум, аз амалҳои хайри худ таблиғ мекунанд. Магар бо пораи ноне метавон шиками гуруснаеро сер кард? Кунун, ки дар ин сарзамин беш аз як миллион кӯдаки афғон бо марг дасто ба гиребонанд, чаро созмонҳои байналмилалӣ камфаъоланд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ