Як мошин «хлопушка» дарди сари Яҳё шуд

21 декабри соли 2021, тахминан соатҳои 20:30- дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Бохтар, кормандони БДА РВКД дар вилояти Хатлон, зимни азназаргузаронии бағоҷи автомобили тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 19-98 FY 01, ки таҳти идораи шаҳрванд Файзалиев Яҳё, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Восеъ қарор дошт, маводи тарфгарӣ, дарёфт ва мусодира намуданд. Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Файзалиев Яҳё, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба хариду фурӯши маводи тарфгарии намуди “Трения” машғул шудааст, ки 48 000-ададро ташкил медиҳанд. Воридот ва фурӯши “хлопушка” дар Тоҷикистон аз соли 2008 қонунан манъ карда шудааст. Нисбати Файзалиев Яҳё дар шуъбачаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи-1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *