Як рӯзи дароз бо Ӯрун Кӯҳзод

15-уми март Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод 88-солагии мавлудашро ҷашн гирифт. Устод Кӯҳзод бо осори арзишманди хеш ҷойгоҳи вежа дар адабиёти муосири тоҷик ва маҳбубияти хос дар байни хонандагон дорад. Хабарнигори «Тоҷикистон» ба табрики нависанда рафт ва ба чанд суоли худ посух гирифт.

— Устод, дар ин фасли зебои сол ба чӣ корҳо машғул ҳастед? Оё баҳор ба илҳому эҷодатон таъсир мерасонад?

— Ҳоло вақти худро бештар дар ҳавои кушод мегузаронам. Баҳор ҳамеша ба ман илҳом мебахшад, аммо синну сол кори худро мекунад. Эҳсоси эҷодӣ ҳанӯз дар вуҷудам ҳаст, вале чун пештара қувваи навиштан надорам. Мегӯянд, ки давлати пирӣ айёми роҳат аст, вале ман ба хулосаи дигар омадам. Дар ин марҳилаи умр, на кор ҳаст, на эҷод, на ҷое меравед ва на аз чизе огоҳ мешавед… Ҳоло ягона коре, ки мекунам, хондан аст. Китобҳои ҷаъмовардаамро як-як варақ зада, рӯзро бегоҳ мекунам.

— Зодрӯзатонро чӣ гуна таҷлил кардед?

— Зодрӯз бароям рӯзи одӣ аст. Наздикону дӯстони қадрдонам ба табрику дидорбинӣ омаданд, ки руҳбаланд шудам. Вале ҳар қадар синну сол боло меравад, ҳамон қадар фосила байни инсон ва атрофиён бештар мешавад. Шукр, имсол ҳам фаразандону набераҳо барои таҷлили зодрӯзам гирди ҳам омаданд…

— Устод, мехоҳам дар бораи муҳите, ки ба воя расидед, суҳбат кунед.

— Ман дар муҳити одии деҳот ба камол расидам. Мактаби деҳа то синфи 7 буд. Баъди хатми он, бисёриҳо ба кору бори хоҷагӣ машғул мешуданд. Баъди хатм ман ҳамроҳи ду-се нафар ҳамсинфонам ба район барои таҳсил рафтем. Он замон ду интихоб доштем: ё дар интернат мехондем ё дар коллеҷи омӯзгорӣ. Мафҳуми интернат барои мардуми деҳаи мо он қадар мусбат набуд, аз ин рӯ, ман таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ идома додам. Баъд, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шудам, ки ин марҳалаи муҳим дар ҳаёти ман буд. Пас аз хатми донишкада тақсимот шуд ва маро ба райони Кировобод (ҳозира Панҷ) ҳамчун муаллим фиристоданд. Чанде дар он ҷо кор карда, баъд бо даъвати Институти забон ва адабиёт ҳамчун корманди илмӣ ба кор шуруъ кардам. Баъди як соли фаъолият дар онҷо ба хизмати ҳарбӣ рафтам.

— Чӣ чиз шуморо ба роҳи адабиёт ва нависандагӣ ҳидоят кард?

— Замони донишҷӯӣ вақте кори курсӣ навиштам, ба худ андешидам, ки чаро дар ҳамин шакл мақола нанависам? Ҳамин гуна кам-кам менавиштам. Вақти дар хизмати ҳарбӣ буданам панҷ навиштаи худро  ба маҷаллаи “Садои шарқ” фиристодам. Лекин ҷавобро аз “Хорпуштак” гирифтам. Муҳаррири  “Хорпуштак” он замон Фазлиддин Муҳаммадиев буданд. Ман он касро ғоибона мешинохтам. Эшон навишта буданд, ки “Ман ба “Садои шарқ” даромадам. Чун онҷо аъзои таҳририя ҳастам, ҳикояҳои туро хондам. Яктоаш ба ман маъқул шуд, онро дар “Хорпуштак” чоп мекунем. Хоҳӣ, баъди хизмат ба назди ман биё”. Ҳамин тариқ ман бо камоли ҷиддият ба эҷоди асарҳои адабӣ сар кардам.

Маълумотнома

Ӯрун Кӯҳзод дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, Энсиклопедияи тоҷик, маҷаллаи “Садои Шарқ ва Иттифоқи нависандагон кор кардааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои “Сареву савдое”, “Як сару сад хаёл”, қиссаҳои “Роҳи ағба”, “Писанддара”, “Бандии озод”, “Тақвими раҳгум”, “Кини Хумор”, “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз”, романҳои Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”, “Ҳайҷо”, “Дар ҳасрати кори ҳалол”, асарҳои публитсистии “Тоҷикони имрӯза”, “Лоҳутӣ ва баъди ӯ, Ҷамъи парешон”, “АкашарифБорбади асри бист” ва ғайра маҳсули килки ӯ мебошанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон буда, Ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро соҳиб аст.

— Ҳоло чӣ менависед?

— Бештар ба мутолиа ва баррасии асарҳои кӯҳнаам машғулам. Дар бойгонӣ ҳанӯз асарҳои нашрношуда ҳастанд, ки шояд рӯзе ба дасти хонанда расанд.

— Аз вазъи кунунии адабиёт огоҳед? Ба асарҳои ҷавонони имрӯз чӣ назар доред?

— Яке аз мушкилоти ҷиддие, ки имрӯзҳо мушоҳида мекунам, афзоиши худсензура мебошад. Имрӯз эҷодкорон аз ҳад зиёд ба худ маҳдудият мегузоранд, дар натиҷа асарҳо қолабӣ мебароянд ва ба хонанда таъсир намегузоранд. Бо вуҷуди ин ҷавонони нағз ва асарҳои нағз ҳастанд. Имрӯз имконият барои рушди нависанда зиёд аст. Интернет ва нашрияи рақамӣ эҷодкоронро аз вобастагӣ халос кардааст. Акнун онҳо метавонанд мустақилона эҷодиёти худро ба дасти хонанда расонанд. Фақат асари нағз эҷод кардан лозим.

— Устод, дар марҳилаи кунунии умр, бештар кадом лаҳзаҳои зиндагиатонро пеши назар меоред?

— Даврони кӯдакиамро. Лаҳзаҳоеро, ки дар деҳа канори волидайнам ва дар ҳалқаи дӯстонам шоду беғам будам. Деҳаро бисёр дӯст медорам. Ҳатто базми хонадоршавиамро ҳам дар деҳот гузаронидаам. Барои ман ҳамеша рафтан ба зодгоҳ эҳсоси хосса дорад. Имрӯз, ки солманду камқувват шудаам, сафари ман ба деҳа мисли гузашта осон нест. Вале ба ҳар ҳол кӯшиш мекунам, ки ба хабаргирии зодгоҳ равам…

— Гуфтед, ки солҳои охир камтар ба кори эҷодӣ машғулед. Ба назари худатон, оё сухане ҳаст, ки то имрӯз нагуфта бошед?

— Бешубҳа, ҳаст. Шахси эҷодкор ҳамеша андешаҳоеро дар дил дорад, ки на ҳамеша онро рӯи коғаз оварда метавонад… Банда вақтҳои охир бештар атрофи забони ВАО андеша мекунам. Ҳоло ки бисёртар вақтамро барои шунидани радиову тамошои телевизионҳо сарф мекунам, калимаҳоеро мешунавам, ки ҳатто худи гӯянда онро намефаҳмад. Намедонам чаро ба забони ВАО касе таваҷҷуҳ намекунад. Барои мисол, “обработка”-и русиро “коркард” тарҷума кардаанд. Дуруст аст, аммо дар ҳама ҷо ин мафҳумро намедиҳад. Коркард даҳто синоним дорад, вале дар расонаҳои мо фақат яктоашро истифода мебаранд: коркарди замин, коркарди пахта, коркарди картошка… Ё калимаи “арзёбӣ” ягон маротиба дар ҷои худ истифода бурда намешавад… Монанди ин, даҳҳо вожаву калима ҳаст, ки ҷамъ овардаам ва шояд дар оянда мақола нависам.

— Устоди азиз, ташаккур, ки ба саволҳои мо посух гуфтед.

Сумани УБАЙДУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image