Як рӯз дар қабули раиси ноҳияи Шаҳринав
Дар заминаи қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд сол мешавад, ки қабули шаҳрвандон аз тарафи раисони вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбею шанбе ба роҳ монда шудааст.
Шанбеи ҳафтаи гузашта дар қабули раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин муроҷиати 12 нафар сокини ноҳияи мазкур шунида шуд. Раиси ноҳия ҳангоми қабули шаҳрвандон ва шунидани арзу шикояти онҳо ба масъулини дахлдор, аз ҷумла муовинони соҳавӣ, раисони ҷамоатҳо таъкид кард, ки муроҷиати шаҳрвандонро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ сари вақт баррасӣ намоянд. Арзу шикоятҳо дақиқу шаффоф санҷида шуда, хулосаи дуруст бароварда шаванд. Қабули шаҳрвандон дар ин ноҳия бидуни монеа, шаффоф гузашт. Тибқи рӯйхати пешакӣ ҳар як муроҷиаткунанда бо навбат назди раис омада, аз мушкилоти худ арзи дил мекард.
Муҳибулло Қараев, сокини деҳаи Қадиҷӯйбори Ҷамоати деҳоти «Сабо», аз доштани ду маълумоти олӣ ва хизматҳои худ дар хоҷагии халқи ноҳияи Шаҳринав ба раис нақл карда, аз надоштани замини наздиҳавлигӣ ва вазъи иҷтимоии хонаводааш арзи дил кард.
–Ҳоло нафақахӯрам ва дар ҳавлии бародарам зиндагӣ дорам. Як замини наздиҳавлигӣ надорам. Аҳли хонавода бо 200 сомонӣ нафақаи ман қаноат карда мешинанд. Як писари бузбалаам дар хона рӯзи дароз хоб аст. Ягон ҷо кор намекунад. Мегӯям, ки ягон ҷо коркунӣ рав, намеравад.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло баъди шунидани арзи мӯйсафед ба Фарҳод Исҳоқов, намояндаи мақомоти ҳукумати ноҳия барои ҳалли мушкилот дастур дод. Ҳамчунин, ба масъулини дахлдор супориш дод, ки ба мӯйсафед кумаки яквақтаина, аз ҷумла 100 кг гандум аз ҳисоби фонди захираҳои ҳукумати ноҳия ҷудо карда шавад.
Гулбаҳор Абдуллоева, сокини Ҷамоати деҳоти «Боғистон» назди раис бо матоъҳои гулдӯзишудаи дастӣ ворид шуд. Аз рӯйи нақли Гулбаҳор, ӯ аслан иқтисодчӣ буда, як муддати кӯтоҳ дар соҳаи матлубот кор кардааст. Аммо касби гулдӯзиро як тараф нагузошта, мудом дар пайи такмили он шудааст. Ин касб, ки аз модараш ба ӯ мерос мондааст, ҳоло фаъолияти худро дар манзили истиқоматиаш идома медиҳад. Гулбаҳор ба раиси ноҳияи Шаҳринав аз надоштани макони махсуси гулдӯзӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумии ноҳия ба намоишу фурӯш гузоштани маҳсулоти дастранҷаш шиква кард. Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин баъди шунидани шикваи Гулбаҳор лаҳзае ба ғарқи андеша фурӯ рафта, гӯшаки телефонро бардошта, ба нафаре оид ба будани ҷой ва шароити мавҷуда пурсон шуд. Аз он тарафи гӯшӣ садои умедворкунанда омад, ки ҷой ҳаст, дар сари роҳи асосии маркази ноҳия. Сипас, рақами телефони он нафарро дар коғазе навишта, ба дасти Гулбаҳор Абдуллоева супорид ва таъқид намуд:
-Ба ҳамин рақам занг зада, аз номи раиси ноҳия гап зан. Ҷойи хуб аст. Фақат омода намудани шогирдони маҳаллиро низ фаромӯш накун.
Г. Абдуллоева аз қабули раис изҳори хушнудӣ намуда берун баромад…
Давоми чанд соате, ки дар қабули раис иштирок доштам, аксарияти шикояти мардум дар масъалаи тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошад. Дар асоси маълумоти ҷамъбастгардида он рӯз арзи 12 нафар раиси ноҳияи Шаҳринав шунид.
-Қаблан теъдоди муроҷиаткунандагон зиёд буданд, то ба 25-30 нафар мерасид,- мегӯяд Юлдуз Бобоева, корманди шуъбаи умумӣ ва масъули назорати муроҷиати шаҳрвандон. Аз қабул то қабул теъдоди муроҷиаткунандагон кам мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мушкилоти сокинон батараф шуда истодааст. Ба ин нигоҳ накарда, сокинон аз нармгуфтории раиси ноҳия зиёд истифода мебаранд, баъзеҳо такрор ба такрор муроҷиат мекунанд.
Вақте ки аз маҷлисгоҳи мақомоти ноҳияи Шаҳринав мебаромадам, нафаре баъди салому алейк рӯ ба рӯям истод.
-Шумо журналистед?
-Бале.
-Як ҳодисаро нақл кунам, менависед?
-Чаро не?
-Нусратулло Аюбзода зодаи ҳамин ноҳия аст. Падараш Наҷмиддин Аюбов яке аз фермерҳои боқуввати ноҳия буд. Зиёда аз 4 000 моли калони шохдор ва 48 000 моли майда дошт. Қисми зиёди маҳсулоти «Мяскомбинат»-и шаҳри Душанберо ҳамин одам таъмин мекард. Дар як вохӯрӣ, дар назди раисону чорводорон Ҷаноби Олӣ аз хизматҳои ӯ ёдовар шуда, шоёни таҳсин мехонад.
Ҷаноби Олӣ дар таъини раиси имрӯзаи Шаҳринав кори дуруст кард. Аюбзода дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият дошт, вазъи зисти мардумро хуб медонад. Барои аҳолии ноҳия одами наздик ба шумор меравад. Чи шаҳрвандону чи раис ба ҳамдигар боэҳтиром муносибату муошират мекунанд.
Ин буд хӯшае аз хирмани қабули раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Наҷмиддин Нусратулло.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ