Як рӯзи ройгони осорхонаҳо

Санаи 18 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангиву фароғатии «Шабе дар осорхона» баргузор мегардад. Ҳамчунин гузаронидани «Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо» дар назар аст.

Ин чорабиниҳо бахшида Соли ҷавонон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон баргузор мегардад.

18 май дар тамоми осорхонаҳои қаламрави ҷумҳурӣ барои тамошобинон ба таври ройгон тамошо ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон 18 май дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» аз соати 18:00 то 22:00 баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *