«Як рӯзи велосипедронӣ» баргузор мешавад

Рӯзи 5-уми май тамоми кормандони идораҳои давлатӣ ва муҳассилин дар Тоҷикистон бо истифода аз дучарха ба кору дарс мераванд. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май таҷлил мешавад, 5-уми май дар кишвар ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» баргузор мешавад.

Ба иттилои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар доираи ин чорабинӣ, кормандони тамоми вазорату ниҳодҳо ва муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ ҳам бидуни хизматрасонии нақлиётӣ тавассути дучарха ба кор ва машғулиятҳо ҳозир мешаванд.

Ҳадаф аз ин иқдом ҳам, оммавӣ кардани варзиши намуди велосипедронӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Қарор аст давоми рӯз ҳам дар доираи рӯзи велоиспедронӣ, дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳоии кишвар, сокинон ба таври васеъ ба ин намуди варзиш ҷалб карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *