Як рустабори амрикоӣ писари ҳаштсоларо ба хотири рӯйдодҳои Украина куштааст
Шабакаи телевизионии NBC News аз саргузашти як зани амрикоии рустабор нақл кард, ки як писарашро бӯғӣ карда, қасди куштани писари дигараш кардааст, ки натавонистааст бо фишори равонӣ бар асари ҳаводиси Украина мубориза барад. Дар ин бора РИА «Новости» менависад.
— Оила дар Висконсин зиндагӣ мекард,- менависад “The Rambler”. Наталя Александровна Хичкоки 41-сола ба куштори дараҷаи аввал ва сӯиқасд ба куштор муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи муфаттишон, Хичкок рӯзи 30-юми март писари ҳаштсолаашро бӯғӣ кардааст, вай ҳамчунин «сари писари 11-солаашро дар ванна дар зери об нигоҳ доштааст».
Сипас бо корд ба қафаси синааш задааст.- Ба қавли ин зан, тайи панҷ рӯзи ахир ӯ тамаркуз карда наметавонист ва эҳсос мекард, ки фарзандонашро аз дасти ӯ хоҳанд гирифт. Вай инчунин гуфт, ки одамон ба ӯ аҷиб менигаранд… гӯё вай ҷосуси Русия бошад,- хабар медиҳад шабака.
Дар Бритониё кишварҳоеро, ки аз Русия пуштибонӣ мекунанд, ҳисоб карданд. Як шоҳид бидуни ифшои номаш гуфтааст, ки ин зан ҳаводиси Украинаро аз тариқи телевизор тамошо карда, хашмгин шудааст, ки натавонист ба назди волидонаш дар Русия парвоз кунад. Ин ба он оварда расонд, ки зан ба сӯйистифода аз машрубот шуруъ кард, кӯшиш кард, ки силоҳ, оташдон, хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ бихарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ