Як садама ҷони се ҷавони Варзобро рабуд
Соати яки шаби 7 май се сокини ноҳияи Варзоб бар асари як садама дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе ба ҳалокат расидаанд. Мошини онҳо ба як мошини боркаши «Дулан” бархӯрдааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 7 май, соати тахмини 01:00 як марди 28-солаи сокини ноҳияи Варзоб савори мошини тамғаи «Санг-Йонг-Мусо” «ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ш.Душанде ба автомашинаи тамғаи «Долун”, таҳти идораи марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст.”
Дар натиҷаи ин садама ронандаи мошини «Санг-Йонг-Мусо” ва ду мусофири ин мошин, ки ҳарду ҳам сокинони ноҳияи Варзоб буда, ҳамагӣ 27-солӣ доштаанд, бар асари ҷароҳатҳои вазинин ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ