Як шабонарӯзи беобӣ дар қисме аз Душанбе

Ба муҳлати як шабонарӯз, яъне аз соати 23:00-и 21 январ  то соати 24:00-и  22 январи соли  равон интиқоли  оби  нӯшокӣ  дар кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулови  ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин, Теҳрони  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қатъ мегардад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”

Гуфта мешавад, ки сабаби қатъи оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои мазкур — ин  пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш  600 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600 мм дар кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур мебошад.

Тибқи қарори дахлдор, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф гардидаанд, ки дар давраи  иҷрои   корҳои  ба  нақша  гирифташуда  бо  истифода  аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *