Як шарҳи Роналду ба “пост”-и Серхио Рамос
Ҳимоятгари маъруфи испанӣ ва собиқ бозингари бошгоҳи “ПСЖ” Серхио Рамос дар “Инстаграм” ба хотири шумораи обуначиёнаш ба 60 миллион расидан “пост” гузошта, ин теъдодро як навъ ҷашн гирифт.
Дар шарҳи “пост”-и Серхио Рамос футболбози беҳамтои олам Криштиану Роналду шарҳи аҷиб навишт, ки диққати мардумро аз меъёр зиёд ҷалб кард.
— Барои он ки шумораи обуначиёнат ба миқдори обуначиёни ман шавад, як рақами “0” ба ту лозим аст,- навишта, дар охир ба ҷойи нуқта “смайлик”-и ханда мондааст Роналду.
Шарҳи Роналду зери “пост”-и футболбози испанӣ шӯхӣ ҳам бошад, дар худ ҳақиқат дорад. Яъне, дар ҳоли ҳозир теъдоди обуначиёни Криштиану Роналду дар “Инстаграм” 600 миллион буда, аз Серхио Рамос бошад, 60 миллион аст.
Гуфтан зарур аст, ки шарҳи футболбози португалӣ дар саҳифаи Рамос зиёда аз 300 ҳазор “лайк” гирифтааст, ки ба қавле барои зиёд шудани шумораи обуначиёнаш шояд кумак кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ