Як соли Толибон. Нигоҳи Муҷоҳид, Ғанӣ, Халилзод ва Аҳмад Масъуд

15-уми август расо як сол шуд, ки шаҳри Кобул аз ҷониби гуруҳи тундрави Толибон тасарруф гардид. Ҳукумати қонунии ин кишвар пас аз фирори раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ суқут кард ва ҳукумати Афғонистон ба дасти Толибон гузашт. Бо гузашти як сол назарҳо дар мавриди қазияи Афғонистон мухталиф аст.

Тасарруфи Кобул

Соле пеш, дар ин шабу рӯз, Толибон пайиҳам чандин вилояти Афғонистонро тасарруф карданд. Мардум ҳаросон дар Кобул ба хиёбонҳо рехта буданд ва ҷойи амн меҷустанд. Артиши Афғонистон аз ҳам пошида буд. Мақомоти Амрико ва ҳукумати Афғонистон ҳанӯз ба созиш ва гуфтушунид бо Толибон умед доштанд.

Рӯзи 14-уми уми август Мазори Шариф ва рӯзи 15-уми август Ҷалолобод ба дасти Толибон суқут кард. Бо тасарруф шудани минтақаҳои муҳими Афғонистон, вазъ дар ин кишвар печидатар шуд. Ашраф Ғанӣ, ки он замон президенти ин кишвар буд, дар охирин мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, гуфтушунид идома дошт, вале баробари расидани аввалин хабарҳо дар бораи ворид шудани Толибон ба шаҳр, мардум роҳи фурудгоҳро пеш гирифтанд. Ҳама мехостанд фирор кунанд. Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ Арки раёсатҷумҳуриро тарк намуда, аз кишвар фирор кард. Ҳамин тавр Афғонистон ба дасти Толибон гузашт.

Халилзод: Фирори Ғанӣ вазъро печида кард

Яке аз бозигарони асосии қазияи Афғонистон Залмай Халилзод баъди як сол дар мусоҳибае гуфт, ки талоши онҳо барои сулҳ бенатиҷа буд. Ӯ ки намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон буд, дар мусоҳиба ба СНН гуфт, қарор буд рӯзҳои 14-15-уми август як ҳайат дар Доҳа — пойтахти Қатар сари мизи гуфтушунид нишинанд. “Мувофиқа шуд, ки як ҳайати олирутба аз тарафи ҳукумати Афғонистон бо шумули оғои Карзай ва доктор Абдулло ба Доҳа биёянд ва сари як ҳукумате, ки дар он аносири ду тараф ҷой дошта бошад, гуфтугӯ кунанд ва интиқоли ҳукумати пешин ба ҳукумати нав сурат бигирад”.

Вале ба гуфти ӯ, ин талошҳо натиҷа надоданд, “зеро Ашраф Ғанӣ дар фикри фирор афтод”.

Ғанӣ: Ё тарки Кобул мекардам, ё зери дор мерафтам

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи пешини Амрико барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, ин савол то ҳанӯз норӯшан аст, ки чаро Ашраф Ғанӣ он лаҳза фирор кард.

Ӯ гуфт: “Ин ки чаро доктор Ашраф Ғанӣ рафт, ба ҷойи мувофиқаро амалӣ кунад ва бо ҳайат биёяд. Ин як саволест норӯшан. Мегӯянд, шояд эҳсоси хатар дошт ба худ. Агар дошт, чаро тақозои кумак накард? Мешуд, ки агар тақозои кумак мекард, сари он фикр мекарданд. Саволи муҳимтар ин аст, ки чаро қувваҳо пароканда шуданд? Чаро ҷанг накарданд?”.

Зимни мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии ВВС, рӯзи 10-уми августи имсол, Ғанӣ баръакс, Залмай Халилзод ва дигар мақомоти амрикоиро барои имзои созиш бо Толибон айбдор кард. Манзури ӯ созишномаи моҳи феврали соли 2020-ум буд, ки дар он ИМА бо Толибон барои берун бурдани неруҳои амрикоӣ аз Кобул дар Қатар созиш карда буданд. Ӯ далели фирорашро дар эҳсоси хатар доштанаш арзёбӣ кард.

“Ман дигар роҳ надоштам, ҷуз он ки тарки кишвар кунам, зеро маро тақдири доктор Наҷибулло интизор буд. Яъне маро ба дор мекашиданд”,- гуфт Ашраф Ғанӣ.

Муҷоҳид: Тасарруфи Кобул ногузир буд

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Ҳукумати Толибон мегӯяд,ки онҳо танҳо пас аз шурӯи бебандуборӣ дар Кобул вориди ин шаҳр шуданд.

“24-и асад буд. Субҳ як эъломия пахш кардем, ки як субот бошад. Вале баъд аз нисфи рӯз мо огоҳ шудем, ки дар шаҳри Кобул ғоратгарӣ оғоз шуда, зиндонҳо аз ҳам шикастанд. Баъзе аз афроди номатлуб силоҳ ба даст оварданд ва зиндагии мардум, бонку дӯконҳо дар хатар қарор гирифтанд. Баъд аз нисфи рӯз мо тасмим гирифтем, ки ногузир бояд дохили Кобул шавем”,- гуфт ӯ.

Муҷоҳид бар он аст, ки Афғонистон акнун ба ҳукумати оромониаш расид. “Ҳукумати мо бар асоси ниёзҳои мардуми Афғонистон ба вуҷуд омад. Мо дар зери таъсири ҳеҷ қувваи берунӣ нестем ва хоҳиши мо оромӣ ва суботи Афғонистон аст”,- гуфт номбурда дар суҳбат бо “Иран интернешнл”.

Вале коршинсон бар онанд, ки Толибон бо гузашти як сол кори чашрасе накарданд. Ҳанӯз ҳам ин гуруҳ аз ҳаракатҳои тундгаро пуштибонӣ мекунад. Мардуми Афғонистон дар ҳоли фақру гуруснагӣ ба сар мебарад. Бекорӣ дар авҷ аст. Ва аз ҳама муҳим, ҳуқуқи башар дар ин кишвар риоя намешавад.

Аҳмад Масъуд: Фоҷеи Афғонистон идома дорад

Баъди ба қудрат расидани Толибон ягона гуруҳе, ки амалан муқобили ин низом меҷангад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст.

Фаъолияти ҷабҳа дар ибтидо назаррас буд, вале баъдан Панҷшер низ аз тарафи Толибон тасарруф шуд.

Бо гузашти як сол Аҳмад Масъуд — роҳбари ҷабҳа мегӯяд: “Як сол аст, ки фоҷеаи Афғонистон идома дорад. Мо талош мекунем, ки кишварро аз чанги ин гуруҳи тундрав раҳо созем. Агар фоҷеаи Афғонистон давом ёбад ва ин дард куҳна шавад, он ба тамоми ҷаҳон асар хоҳад кард ва ҳамаи онҳое, ки ин гуруҳро пуштибонӣ карданд, пушаймон хоҳанд шуд”.

Дар рӯзҳои яксолагии Афғонистонро тасарруф кардани Толибон дар шимоли ин кишвар байни Ҷабҳаи муқовимат ва неруҳои Толибон даргирӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 40 нафар асир афтодаву даҳҳо нафар кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *