Як тайёраи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз муоинаи техникӣ гузашт

 

Хайрулло Раҳимов, раиси ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» мегӯяд, имкони парвоз ба Самарқанд, Бухоро ва Тошкандро доранд. 

Раҳимов зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки “агар масъалаи раводид ҳал шавад, мо имкон дорем ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро хатсайр ифтитоҳ намоем”.

Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир бо Узбекистон танҳо барои як хатсайр созиш шудааст ва анҷоми парвозҳо дар масири мувофиқашуда,- Душанбе-Тошканд ба уҳдаи “Сомон Эйр” вогузор гардидааст.

Раҳимов таъкид намуд, ки соли гузашта бо ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» қарордод бастанд ва дар доираи он як ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар Узбекистон аз муоинаи техникӣ гузаронда шуд: “Узбекистон аз ҷиҳати истифодаи ҳавопаймоҳои калонҳаҷм, таъмир ва омӯзиш ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аз ҳамин сабаб мо муоинаро дар ин кишвар гузаронидем. Соли гузашта як қарордод оид ба ҳамкориро имзо кардем”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *